Ризо Диққатӣ дар Тоҷикистон

Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи муҳоҷирони Афғонистон дар шаҳри Душанбе бо Ризо Диққатӣ ошно шудам. Ӯро ба унвони аккоси маъруфи эронӣ мешинохтам, аммо бори нахуст аз наздик дидам.

Гуфт, ки ҳамроҳ бо хонаводааш бо даъвати шаҳрдории Душанбе барои ширкат дар ҷашни Наврӯзи Тоҷикистон ба кишвари мо омадааст.

Ризо Диққатӣ фотожурналисти фаронсавии эронитабори нашрияи Нешнл Ҷэугрофӣ (National Geographic Magazine) аст, ки дар дунё ӯро бо номи Ризо мешиносанд. Ризо аз 14-солагӣ аккосиро худомӯз ёд гирифтааст. Вай ҳамчунин аз донишгоҳи Теҳрон фориғуттаҳсили риштаи меъморӣ аст.

Ӯ соли 2005 барои эҳёи матбуоти озод, густариши озодии баён дар дунё, мубориза барои эҳёи ҳуқуқи кӯдакон ва мубориза алайҳи истибдод нишони Шаволияи Миллии Лаёқат дар Фаронсаро дарёфт кард.

Диққатӣ дар январи 2010 тайи маросиме, ки дар толори театри марказии Линкални шаҳри Ню-йорк баргузор шуд, ҷоизаи Лесиро, ки ба Оскори аккосӣ маъруф аст, дарёфт кард. Ӯ ҷоизаашро ба мардуми Эрон тақдим кард.

Суҳроби ЗИЁ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *