Фархор: Зарардидагони офати табиӣ соҳиби хона шуданд
Дар ноҳияи Фархор ба 36 оилаи аз офати табиӣ зарардида, хонаҳои нав дода шуд. Калиди манзилҳои навбунёдро Қоҳир Расулзода, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба онҳо супориданд.
Бояд гуфт, ки 36 оила аз деҳаи Сурхоби ҷамоати деҳоти Хутани ноҳияи Фархор ҳанӯз 25 майи соли 2024 аз офати табиӣ зарар дида буданд.
Бунёди хонаҳои истиқоматӣ, роҳу пул ва дигар иншооти маишиву хизматрасонӣ, ки дар натиҷаи офати табиӣ қисми зиёди онҳо зарар дида буд, бо дастури Пешвои миллат, дар кӯтоҳтарин муҳлат бартараф ва барои сокинони деҳаи мавриди назар хонаҳои нав сохта шуд.
Масоҳати хонаҳои истиқоматӣ 110 метри мураббаъ буда, дорои 3 ҳуҷра, ошхона ва ҳаммом мебошанд.
Дар деҳаи Сурхоб дар баробари бунёди манзилҳои истиқоматӣ, бунгоҳи саломатӣ, роҳ ва дигар иншооти соҳаи хизматрасонӣ сохта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ