Фарзанди содиқи Ватан

Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта кишвари абарқудрати Шӯравӣ фано гардиду ҷумҳуриҳо роҳи мустақилиятро пеш гирифтанд. Дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо майдоннишинию паси сангаршиниҳо оғоз ёфт. Дар натиҷа кишвари тозаистиқлоли моро оташи ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт.

Дар он шабу рӯзҳо аксари сохторҳои давлатӣ фалаҷ шуданд.  Силоҳбадастону ғоратгарон кишварро талаву тороҷ мекарданду аксарият фикри тарки Ватанро дар сар мепарвариданд. Вале фарзандони диловари Ватан, воқеан сиришташон тоҷикона буд, ба ивази машаққатҳо, ки ҳар рӯзаш як китоб мешавад, ҷумҳуриро нигаҳдорӣ мекарданд, паҳлуи роҳбарияти тозаинтихобшудаи ҷумҳурӣ қарор доштанд ва садди роҳи силоҳбадастони ғоратгар ва дузду хоин мегаштанд, то кишвари захмҳояш зиёд гардида абгортару беҳолтар нашавад. Натиҷаи талоши чунин фарзандони диловари Ватан буд, ки мо имрӯз кишвари ободу озод дорем, мардуми мо зери осмони софу беғубор кору зиндагӣ мекунанд.

Полковники мустаъфии мақомоти амнияти кишвар Абдунабӣ Амонов яке аз чунин фарзандони диловари Ватан мебошад. Ӯ дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ дар мақомоти амнияти кишвар фаъолият дошт, нахуст дар ноҳияи Дарвоз ваколатдори давлатии бехатарии ноҳия буд, баъдан дар ҳамин вазифа дар ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) хизмат кард. Солҳо дар Раёсати мубориза бар зидди терроризм кор карда, барои амнияту суботи кишвар талош намуд.

Абдунабӣ инсонест, ки сиришти пок дорад. Қаноатпеша асту устувор. Ғурури баланди тоҷикона дорад. Аслан, сокинони деҳаи Артучи ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент, ки Абдунабӣ 4-уми апрели соли 1959 дар он ҷо таваллуд шудааст, ҳама чунин ғурури баланди миллӣ доранд. 

Дар суҳбатҳои хос Абдунабӣ таъкид мекунад, ки усутворӣ, сабру таҳаммул дар баробари ҳама муаммои рӯзгорро аз падар омӯхтааст:

“Падарам Амонов Амонқул соли 1927 дар деҳаи Мадовра таваллуд шудаанд. Даҳмарда буданд. Шахсе буданд ҳалолкор ва ҳалолхӯр. Ба мо насиҳат мекарданд, ки ба касе зарарамон нарасад, баръакс аз дастамон ояд, кумак кунем. Инсони наҷибе буданд падарам, вале мутаассифона, ҷавон, соли 1969 дар синни 42-солагӣ аз олам даргузаштанд. Ёдашон ба хайр”.

Вале Абдунабӣ аз он шукргузор аст, ки модараш то ба имрӯз дуогӯйи ӯ мебошад.

“Модарам бошад, Буриева Зумрад, соли таваллудашон 1938. Ҳоло 86-сола. Дар колхоз фаъолият мекарданд. Зани меҳрубону порсо мебошанд. Фарзандонашон — ман, бародаронам Шарафу Ваҳҳоб ва хоҳаронам Ҳабибаву Анораро чун гавҳараки чашмашон эҳтиёт карда, ба воя расониданд. Шукр, ки имрӯз дуогӯйи мо ҳастанд”,- мегӯяд Абдунабӣ.

Абдунабӣ дар оғӯши чунин волидон ба воя расида, соли 1977 мактаби рақами 18-и деҳаро хатм карда, худи ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии ба номи В. И. Ленин дохил шуда, онро соли 1982 хатм намудааст.

Соли 1982 баъди хатми донишгоҳ ҳамчун афсар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват шуда, то соли 1984 хизмати модар — Ватанро ба ҷо овард.

Баъди баргаштан, солҳои 1984-1987 дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба ҳайси муаллим дар кафедраи физикаи умумӣ фаъолият намуд. Ҳамон сол ба узвияти ҳизб пазируфта шуд.

Абдунабӣ афсари шуҷои Ватан ва шахси аз ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар огоҳ буд. Инро дарк карда, аз Кумитаи давлатии бехтарӣ ӯро ба сафи мақомоти амният даъват мекунанд. Чун Абдунабӣ хизмат ба Ватанро шарафи мардӣ медонист, пешниҳодро қабул кард.

Ҳамин тавр, ӯ афсари Кумитаи бехатарии давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ шуд.

Аз соли 1987 то соли 1990 дар вазифаи сардори тахасусии шуъбаи тарҷумаи филиали Донишгоҳи Ордени Байрақи Сурхдори ба номи Ю. В. Андропов дар шаҳри Тошканд фаъолият намуд.

Аз соли 1990 то моҳи июли соли 1992 ҳамчун ваколатдори давлатӣ бехатарии ноҳияи Дарвоз ва аз соли 1992 то соли 1996 корманди калони шуъбаи бехатарии ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) буд. Аз соли 1996 то моҳи ноябри соли 2000-ум дар вазифаҳои гуногуни Раёсати мубориза бар зидди терроризм фаъолият кард.

Аз соли 2000-ум ба Саридораи полиси андоз ба кор гузашт. Соли 2002-юм бо таъсиси Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии ҶТ ба вазифаи муовини сардори Раёсати амнияти дохилӣ таъйин гардид ва дар ин вазифа то соли 2007 кор кард.

Аз соли 2007 то моҳи апрели 2015 дар Раёсати кадрҳои Кумитаи андоз ба ҳайси сармутахассис фаъолияти хешро идома дод.

Абдунабӣ дар ҳар куҷое, ки фаъолият кард, вазифаи хешро содиқони иҷро намуд. Ҳамин аст, ки миёни ҳамкасбон ва ҷамъият шахсияти соҳибэҳтиром аст. Хизматҳояш дар назди халқу Ватан бо сипоснома, ифтихорнома, медалҳо ва рутбаи баланди полковникӣ сазовор қадрдонӣ шудааст.

Абдунабӣ Амонов соҳиби оилаи обод ва фарзандони солеҳ аст. Чор фарзандаш — Таманно, Саёҳат, Мафтуна ва Муродҷон соҳиби маълумоти олӣ, ҷойи кор ва оила ҳастанд.

4-уми апрел собиқадори мақомоти амнияти кишвар Абдунабӣ Амонов 65-сола мешавад. Мо собиқадорони мақомоти амнияти кишвар ӯро ба ин санаи фархундаи умр табрик гуфта, барояш саломатӣ, умри дароз ва рӯзгори ободро таманно дорем.

Эркин МУҲИДДИНОВ,

генерал-майори мустаъфии КДАМ ҶТ 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *