Фарзона 60 -сола шуд
Дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати 60-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ оғоз шуд. Конфронс таҳти унвони «Мақоми Фарзона дар адабиёти муосири тоҷик» доир гардида истодааст, ки дар он шоирону нависандагон, адабиётшиносон ва ҳаводорони шеъри воло аз кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Эрон ва пойтахти кишварамон иштирок доранд.
Зимни конфронс раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз саҳми шоир Фарзона дар рушди адабиёти муосири тоҷик ҳарф зад. Вай таъкид кард, ки мвардуми Тоҷикистон имрӯз аз доштани чунин шоири номдору оқил ифтихор дорад. Маҳз бо эҷодиёти Фарзона имрӯз адабиёти тоҷикро ҷаҳониён мешиносанду эътироф мекунанд.
Дар идомаи кори конфронс Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, адабиётшиноси шинохтаи тоҷик, профессор Абдунабӣ Сатторзода ва дигар намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон низ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳоло конфронси байналмилаии илмӣ — амалӣ ба муносибати зодрӯзи шоираи халқи тоҷик Фарзона идома дорад ва дар он пурра аз корнома ва эҷодиёти соҳибҷашн гуфта мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ