Фарзонаи Хуршед: Писарчаам саломатияш хуб аст.

 Имрӯз Фаридуни Хуршед, ҳамсари духтари Сурайё Қосимова, ҳамнасаби худ Фарзонаи Хуршедро бо тавлиди фарзанди дуюмашон- шоҳписар табрик кард.

                                  

 Субҳи имрӯз сарояндаи попи тоҷик- ҳоҷибибӣ Фарзонаи Хуршед дар зоишгоҳи №1 фарзанди дуюмашро таваллуд кард. Фарзанди дуюми ӯ ба ҳамсари ҳамнасабаш Фаридуни Хуршед писар буда, таваллуди тифл дар яке аз ҳуҷраҳои «люкс»-и тавалудхонаи №1- и пойтахт сурат гирифтааст.

  Наздикони Фарзонаи Хуршед мегӯянд, ки саломатии модару писарча хуб буда, дар назар аст, ки соати 15:30 аз беморхона ҷавоб шаванд.

 Ёдовар мешавем, ки бобати муносибати Фарзонаи Хуршед бо Фаридуни Хуршед тобистони  соли 2014 маълум шуда буд ва ҳатто овозаи тӯяшон паҳн гардид, аммо бо сабабҳои номаълум ҳар ду сароянда ин хабарҳоро овозае беш шарҳ надоданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи марти  соли 2015 ҳомиладории Фарзонаи Хуршед ошкор гардиду маълум шуд, ки моҳи сентябр онҳо бо ҳам ақди никоҳи мусалмонӣ карда будаанд.

                                                             

Ин ҷуфт ваъда дода буданд, ки тӯйи арӯсияшонро баъди тавлиди тифлашон баргузор хоҳанд намуд.

Аммо баъди тавлиди фарзанди нахустинашон- Закия низ бобати тӯйи ин ҷуфт ягон хабар паҳн нашуд.

                   

Баракс хабари барои нақзи қонуни «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» аз сӯйи Фарзона барои гаҳворабандони духтарчааш расонаӣ шуд.

                                                           

Ва инак фарзанди дуюми ин ҷуфт таваллуд шуд. Аммо оё туйи ваъдакардаи наздикони Фарзона ба расонаҳо баргузор мешавад ё не, инро танҳо вақт нишон хоҳад дод. Аммо фикр мекунем, ки муҳим на тӯйи арӯсии ин ҷуфт, балки солим ба дунё омадани ҳар ду фарзанди Фархзонаю Фаридуни Хуршедҳост.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

37 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *