Чархаи Роғун чархи таърихи миллатро танзим мекунад

-Ман дар мавриди шаҳри Роғун ҳарчи пурсед, ҷавоб медиҳам, аммо оид ба сохтмони НОБ-и Роғун чизе гуфта наметавонам, — гуфт раиси шаҳри Роғун……. вақте ки гурӯҳи рӯзноманигоронро пешвоз мегирифт.

-Чаро? — бо ҳисси норозиги баробар пурсиданд чанд нафар аз ҳамкасбони мо.

— Дар бораи сохтмони НОБ бояд мутахассис сухан гуяд, — гуфт раис ва моро ба иншоотҳои ҷашнӣ ва навсохти шаҳри  барқчиёни тоҷик ошно кард. Вакте ки дар кӯчаҳои шаҳр гаштугузор мекардем, ба назар чунин менамуд, ки сар то сари ин шаҳри дар бағали кӯҳ сохташуда сохтмон аст. Сохтмон дар байни биноҳои баландошёнаи аз замони шӯравӣ боқимонда. Сохтмони варзишгоҳҳо (ду варзишгоҳ дар арафаи хотимаёбист ва сохтмони сеюмаш оғоз гардидааст), сохтмони боғча ва майдонаҳои бозии бачагон ва боз чандин сохтмони дигар. Маълум ки сохтмони шаҳр баробари сохтмони неругоҳ рӯз ба рӯз суръат мегирад. Аммо он чизе, ки барои ман ҳайратовар буд, ин қасри фарҳангии навсохти шаҳри Роғун буд. Чунин бинои зеборо, ки дар он тамоми санъатҳои меъмории миллию аврупоӣ истифода шудаанд, хеле кам дида будам. Тавре  раиси шаҳр гуфт, дар сохтмони он устоҳо аз  ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат кардаанд.  Толори зебо барои тамошобинон, ки 600 ҷои нишаст дорад, гӯё  аз худ нур мебаровард. Ин қаср дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти миллӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Ба назар чунин мерасид, ки шаҳри Роғун –шаҳри варзишгарону  фарҳангиён аст…

  …Вақте ки навбати ошноӣ ба рафти сохтмони НОБ расид, рӯзноманигоронро боз як «сюрпризи» на он қадар хушоянд дар пеш буд.  Дар идораи сохтмони неругоҳ,  вақте ки ба мо сару либоси махсус медоданд, хоҳиш намуданд, ки тамоми асбобҳои наворбардорӣ ва суратгириро дар ҳамон ҷо монем. Ҳатто барои бо худ гирифтани телефонҳои мобилӣ иҷозат нашуд. Хадамоти бехатарии неругоҳ   чашмони ҳамабин дошт. Воқеан ҳам, барои бехатарии сохтмон чунин чораҳо заруранд, зеро ин сохтмон ба чуз ҷонибдорони зиёдаш боз бадхоҳон ҳам дорад ва инро журналистон хуб мефаҳмиданд. Онҳо танҳо бо блокноту қалам «мусаллаҳ» шуда,  итоаткорона ба микроавтобус нишастан ва аз дидбогоҳи охирин гузашта, вориди майдони сохтмон мешаванд. «Майдони сохтмон» нисбати ин мавзеъ ибораи маҷозист. Зеро сохтмон дар чандин участкаҳо баробар идома дорад ва тавре ки баъдан дидем, дар чандин нақб ҳам.  Акаи Музаффар Абдиев, нафаре, ки моро роҳнамоӣ мекард, донандаи беҳтарини таърихи неругоҳ ва набзи имрӯзаи он будааст. Ӯ қариб ки аз оғози сохтмон дар ин ҷо кор мекунад ва аз хурдтарин ҷузъиёти он огоҳ аст. Ҳарчанд ӯ энергетик аст, аммо бо   забони фасеҳу бо ҷумлаҳои мантиқӣ суҳбат мекард, ки баъзе рӯзноманигорон аз нутқу фасоҳати забони ин бинокори Роғун ба ҳайрат меафтоданд. Музаффар чун муаллими фанни физика дар макет тарзи кори неругоҳ ва вазифаи ҳар як нақби зеризаминиро чун ба шогирдони навомӯз мефаҳмонд. Воқеан, ман ,  ки худро   донандаи Роғун меҳисобидам, ҳис кардам, ки то имрӯз дар  бораи ин нақб ҳатто маълумоти ибтидоӣ надоштаам. Аввалин, «кашиётам» ҳамин буд, ки бори аввал фаҳмидам, ки чархаҳои барқистеҳсолкунандаи неругоҳ на мисли дигар неругоҳҳо дар рӯи замин, дар сарбанд, балки  дар зери кӯҳ сохта шудааст ва ин ягона чунин  неругоҳ дар ҷаҳон будааст.  Яъне, агрегатҳои истеҳсолӣ дар зери заминанд ва ин дар ҳолати садамавӣ комилан бехатар аст. Инженер Музаффар ҳамчун экскурсоводи таҷрибанок моро аз ЧК нақб ба нақби дигар бурда, вазифаи  ҳар кадоми онҳоро мефаҳмонд. Бояд гуфт, ки дарозии умумии нақбҳои Роғун то имрӯз ба 124 километр расидааст (дар муқоиса: нақби дарозтарини кишвар, нақби мошингарди «Истиқлол» ҳамагӣ каме бештар аз 6 километр аст). Нақбҳо вобаста ба пуршавии обанбор дар баландиҳои гуногун сохта шудаанд ва баъзе аз онҳо дар оғози пуршавии оби обанбор ба таври абадӣ зери об хоҳанд монд. Тавре ки роҳбалади мо гуфт, сохтмон се марҳила дорад ва вобаста ба ҳар марҳила дар баландиҳои гуногун сохта шудаанд.  «Ҳаргиз об якбора  обанборо пур намекунад ва аз рӯйи нақша он бояд то соли 2028 пур карда шавад.  Овозаҳо дар мавриди он ки мо пеши рӯди Вахшро баста,  обанборро пур карданием, комилан асос надорад. Тавре ки худатон мебинед, сохтмони нақбҳо  танҳо барои марҳила ба марҳила пур шудани он нигаронида шудааст. Ба мо ҳаққи касе лозим  нест, вале ҳаққи худро низ  ба касе доданӣ нестем», — мегӯяд Музаффар…

Аз ҳама лаҳзаи ҳаяҷоновар — ин лаҳзаи ворид гардидани мо ба хонаи агрегатҳои барқистеҳсолкунӣ буд. Ин ҷо гӯё як шаҳраки хурди зеризаминӣ пайдо шуда буд. Як бригада аз Украина қисмҳои чархаи аввалро бо хам мепайваст. Каме ба кори онҳо диққат додам. Украинҳо бо як ҳавсалаи тамом бастаҳои пластикиро рӯйи ҳам гузошта, онро зери фишор бо ҳам мепайвастанд. «Барои коршоям гардидани чарха бояд чандин миллион чунин пластинаҳоро бо ҳам пайваст», шарҳ дод яке аз ин коргарон. Вакте ки сарамро бардошта, ба қисмати болоии  ротори чархаи аввалини барқистеҳсолкунанда нигаристам, дар тасаввури худ ин кори заҳматталабро ғунҷонда натавонистам…

(Давом дорад)

Абдумудассир Аҳмадзода,

НОБ- и Роғун.

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.