Фасли хурӯҷи бемориҳо. Чӣ бояд кард, ки аз оризаҳои тирамоҳӣ эмин бошем?

Нимаи аввали моҳи октябр ҳавои муътадил ва нимаи дуюми моҳ пастшавии ҳарорат дар назар дошта шуда, боридани борони бошиддат пешгӯӣ мешавад. Ин тағйирёбии ҳаво ба вазъи саломатии одамони синну соли гуногун чӣ гуна таъсир  мерасонад ва боиси авҷи кадом бемориҳои мавсимӣ мегардад?

Бемориҳои мавсимӣ кадомҳоянд?

Бо фарорасии фасли тирамоҳ, ки тағйирёбии зуд-зуди ҳаво, боду борон, намнокӣ оғоз мешавад, бемориҳои музмин ва зуком хурӯҷ мекунанд. Дар тирамоҳ ҳама бемориҳое, ки дар шакли музмин қарор доранд, шадидтар мешаванд ва ба руҳияи инсон таъсири манфӣ мерасонанд. Дар баробари авҷи бемории зуком бемориҳои мавсимӣ, ба монанди хастагӣ, хоболудӣ, депрессияи тирамоҳӣ, касалиҳои вирусии роҳҳои болоии нафас, систит, бемориҳои системаи мушакҳо, ҳассосияти пӯст ва афзоиши вазн низ ба мушоҳида мерасанд.

Дар хотир бояд дошт, ки афсурдаҳолӣ ва асабоният метавонанд сабаби мушкилоти саломатӣ дар тирамоҳ бошанд. Аз ин рӯ, шумо бояд дар руҳияи мусбат зиндагӣ карданро ёд гиред ва аз ҳаёт лаззат баред. Ва муҳимтар аз ҳама, бидонед, ки мушкилии мавсимии саломатӣ метавонад муваффақона ҳал шавад, агар шумо сабаби пайдоиши онро сари вақт фаҳмед.

Масунияти паст — сабаби беморӣ

Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши бемории мавсимӣ — ин системаи заифи иммунитет мебошад. Инчунин дар фасли тирамоҳ мубодилаи моддаҳо дар бунияи инсон камтар шуда, масунияти бадан ва тобоварии он ба аксари бемориҳо суст мешавад. Камтар шудани гармии офтоб, омезиши сардию гармии шабонарӯзӣ, фаро расидани сардиҳои субҳгоҳӣ ва дигар хусусияти табиии фасли тирамоҳ ба ин сабаб мегарданд.

Аз ин рӯ, шумо бояд тамоми сол барои саломатии худ ғамхорӣ кунед: аввалан бояд маҳсулоти табиӣ интихоб ва ғизои солим истеъмол кунед, дуруст истироҳат ва варзиш намоед. Фаромӯш набояд кард, ки дар ҳаёт омилҳои зиёди берунӣ мавҷуданд, ки системаи масуниятро доимо заиф мекунанд.

Чӣ бояд кард?

Ба гуфти мутахассис, барои пешгирии бемориҳои гуногун дар ин мавсим инсон бояд мутобиқи боду ҳаво либос пӯшад, то таъсири сардиҳои тирамоҳро ба бадани худ камтар созад. Дигар нуктаи муҳим — ин тағйир додани ғизо дар ин мавсим аст. Агар дар фасли тобистон одамон асосан нӯшокиҳои ташнагишикан ва хӯроки сабуки камравған истеъмол кунанд, дар тирамоҳу зимистон маводи серғизо ба бадани инсон фоидаи хуб дорад. Омили дигар — ин тағйири реҷаи рӯз, машқҳои варзишӣ ва истироҳату фароғат аст. Хурӯҷ кардани бемориҳои мавсимӣ асосан аз риоя накардани ана ҳамин талабот ва реҷаи рӯз маншаъ мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *