Ислом Махачев интизориҳояшро аз рақиб ва рақобаташ гуфт

Ҳоло ҳаводорони муҳорибаҳои омехта танҳо ва танҳо дар бораи муҳорибаи Ислом Махачев ва Чарлз Оливейра мегӯянд.

Ин ҳафта дар як мусоҳиба Ислом Махачев доир ба муҳориба бо ҳарифаш чунин гуфт:

— Ман дар ҳаяҷонам, чунки ба орзуям расидан наздик аст. Ба наздикӣ ман чемпион мешавам. Чарлз рақиби хеле хатарнок аст, ӯ доимо рақибони худро фавран шикаст медиҳад. Ман омодаам, ки ҳам дар ҳолати рост ва ҳам дар замин бо ӯ биҷангам. Ин муҳорибаро дар корномаи варзишии худ аз ҳама санҷиши сангин намеҳисобам, зеро шояд ман ҷанговаронеро шикаст додаам, ки аз Чарлз дида зӯртар буданд.

Пас аз ин гуфтаҳо, боз Ислом Махачев дар саҳифаи Твиттераш навишт:

— То муҳориба ду ҳафтаи дигар монд, вале аз Чарлзу гурӯҳаш хабаре нест. Оё ман хавотир шавам ё не?

Пас аз чанд соати нашри матлаб, Чарлз Оливейра дар шарҳ навишт, ки “ором бош, падарат ба роҳ баромад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *