Фирӯз Дадабоев барои баровардани маълумоти махфӣ дар Русия зиндонӣ шуд
Фирӯз Дадабоев, мутахассиси технологияҳои иттилоотӣ ва зодаи Тоҷикистон аз ҷониби додгоҳи шаҳри Маскав ба 13 солу 6 моҳи колонияи низомаш сахт зиндонӣ шуд. Ҳамчунин, 300 ҳазор рубл ҷарима шудааст.
Агентии ТАСС хабар медиҳад, ки номбурда барои кӯшиши баровардани маълумоти марбут ба сирри давлатӣ ба Идораи марказии тафтишотӣ (ЦРУ) айбдор дониста шудааст.
Дадобоеви 47-сола шаҳрвандии дукарата дошта, дар яке аз ширкатҳои тиҷоратии Маскав ҳамчун мутахассиси IT кор мекард.
Дар моҳи октябри соли 2022 ҳангоми кӯшиши интиқоли маълумоти махфии ҷамъоваришуда, Дадобоев аз ҷониби кормандони ФСБ дастгир карда шуд.
«Дадобоев гуноҳи худро эътироф карда, аз кирдори худ пушаймон шудааст», — иттилоъ медиҳад манбаъ.
Парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 275 кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия (хиёнати давлатӣ) аз ҷониби воҳиди тафтишотии УФСБ дар Маскав тафтиш карда шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ