Фоида аз сайёҳон дар Норак
Раиси шаҳри Норак Фирўза Шарифӣ гуфт, ки дар шаҳр 3 меҳмонхона, 29 ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ, 1 осорхона, мағозаи фурўши армуғон, 46 адад мавзеъҳои сайёҳӣ, 220 истироҳатгоҳҳо мавҷуданд.
Чунин суол пешниҳод гардид, ки аз ҳисоби онҳо чӣ миқдор маблағ ба буҷети шаҳр ворид шуд? Мудири шуъбаи молия Суҳроб Раҳимзода ба ин пурсиш посух дод, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ин ҳисоб ба буҷет 350 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст.
Масъулини идораҳои экологӣ, санитарӣ — эпидемиологӣ, барқ, андоз ва ғайра ба саволҳои сершумори рўзноманигорон ҷавобҳои саҳеҳу қаноатбахш доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ