Футболбози тоҷик дар Олмон бозиро идома медиҳад
Футболбози тоҷик Ҷонона Қурбонова фаъолияташро дар «MSV Duisburg Frauen» — и Олмон идома медиҳад.
Гуфта мешавад, ки футболбози боистеъдод аъзои Мунтахаби занонаи Тоҷикистон буда, бо клуби футболи Олмон «MSV Duisburg Frauen» шартнома бастааст.
Дар ҳайати он то охири мавсими ҷорӣ баромад мекунад. Дурнамои варзишгари тоҷик таваҷҷуҳи мураббиёнро дар Олмон ба худ ҷалб кард, ки ин як қадами муҳим дар касби ӯ буд.
Ин бори аввал нест, ки футболбозони тоҷик ба чемпионатҳои байналмилалӣ роҳ меёбанд.
Тобистони соли 2024 боз як футболбози Мунтахаби Тоҷикистон Нисо Абдуллоева то охири сол бо клуби Узбекии «Бухоро» шартнома баст. Абдуллоева, ки 24 декабри соли 2003 таваллуд шудааст, қаблан дар мавқеи ҳимоятгар дар клуби чемпионати тоҷикистон «Зебонисо» бозӣ карда, инчунин намояндаи дастаи мунтахаби миллӣ буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ