Фузия Раҳгузар – Амрико -Афғонистон

Ў мекушад

Ў размандаи беҳудаи куштанҳост,

Ў мубталост.

Ба оташ,

Ба хун,

Ба марг.

Ў навозиш намешиносад,

Ў фақат маргу мурданро медонад.

Ў размандаи гумроҳиҳост,

Ки рўи тахтаи санги шаб менишинаду ба куштан меандешад.

Ў аз ёдҳои хунолўд ба ваҷд меояд,

Ў мубталост ба чарсу бангу тарёк.

Ў музтариб нест,

Вале тиҳист.

Аз худаш тиҳист,

Ў аз нур тиҳист.

Ў аз бўи хун ба ваҷд меояд,

Шояд ў як дуои бад аст.

Ў ашк надорад,

Ў Аҳриман аст ва андўҳи мурданро намедонад.

Ў аз интиқом ба ваҷд меояд,

Рўи тахтаи санги шаб менишинад ва аз сиёҳӣ ба шўр меояд.

Ў медоли ифтихор надорад,

Дили доғдор надорад,

Ў имон надорад.

Вале такбир мегўяд,

Мисли буми кур,

Саргардони сангҳои шаб аст.

***

Занро дар он диёр номе нест

Эй бонуи азиз,

Эй дардманди танҳо,

Мебинамат,

Шикастапар ва зардгунае,

Исёни хешро,

Дар кунҷи пур зи дарди қафас,

Кур кардаӣ.

Мебинамат, ки

Сокини як шаҳри бефурўғ.

Як шаҳри бечароғ,

Дар зулмати сиёҳи чунин шаҳри бекасон,

Шаҳре, ки мурдаанд ҳама сокинони он.

Ҳар субҳу шом,

Шоҳиди парвози дигарӣ.

Парвози қавми бекасу бесарпарасти хеш,

Эй модари муқаддаси андешаҳои сабз,

Эй нозири аҷибтарин маргу интиқом,

Мебинамат, ки ваҳшату бедоди ҷангро,

Нафрин мекунӣ.

Лабханди гарми ту, дар оинаи мубҳами замон,

Зангор бастааст.

Чашмони сокитат, дар рақси сояҳо,

Ки паёмовари шабанд,

Дар интизори субҳе равшантар,

Эй модари ғамину шикебои дардҳо.

Эй бурда бори сокит,

Исми ту, дар диёри пур аз бими маргҳо.

Як шабаҳ,

Дар асорати дарду шиканҷаҳост.

***

Кўдаки ҷанг

Чашмҳоят нигаронанду дилат,

Таку тук мекўбад.

Мисли гунҷишкаки сармозадае,

Зи девори фурўрехта,

Хонаи бе панҷараат меларзӣ.

Кош мешуд,

Тани сармозадаву лоғари ларзони туро,

Гарм кунам.

Мисли он қиссаи ширин, яке буду набуд,

Рўи хокистари вайроншудаи айвонат,

Суфрае паҳн кунам.

فوزیه رهگذر- آمریکا- افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *