Саидҷалол Саидов – ғолиби гӯштии Рӯзи пойтахт

Бинобар иттилои Сарахон Эмомов, котиби генералии Федератсияи гуштини миллии кишвар, баҳри таҷлили хушу хотирмони ба ифихори Рӯзи пойтахт баромусобиқаи даррёфти Ҷоми «Пойтахт” чемпионати ҷумҳурӣ оид ба гуштини миллӣ дар вазнҳои -80 кило ва +80 кило баргузор шуд. Даври интихобии мусобиқа дар мактаби маҳорати олии варзиш оид ба намудҳои гуштин бо иштироки 300 варзишгар доир гашт.

Даври финалӣ  дар вазни то 80 кило Беҳрӯз Хоҷазодаро аз дастаи Душанбе ғолиб эътироф намуда, Муллораҷаб Халифаев аз дастаи Рашт ҷои дуюм ва Саидмухтор Расулов аз Душанбе ҷои сеюмро сазовор шуданд.

Паҳлавони шинохта Саидҷалол Саидов, ки дар мусобиқаҳои Наврӯзи байналмилалии шаҳри Турсунзода ва Наврӯзгоҳи пойтахт хеле фаъол буд, дар вазни +80 кило аз Душанбе низ ғалаба кард. Ҷои дуюмро Фирдавс Насимов аз Хатлон-2, ҷои сеюмро Шамшод Абдуллоев аз Рашт соҳиб шуданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *