“ГАЗ-53” чаппа шуд, Умари ноболиғ ба ҳалокат расид (аудио)

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати як нафари хурдсол дар натиҷаи чаппа шудани мошини боркаш хабар дод.

— 4-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 19:20 дақиқа ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “ГАЗ-53” Маҷидов Қудратулло Ҷумъаевич, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Нуробод ҳангоми ҳаракат аз самти мавзеи куҳии деҳаи Кабутиёни ноҳияи мазкур аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёташ набаромада, автомашинаро ба чуқурии тахминан 3-4 метр чаппа кардааст,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар натиҷаи ин ҳодиса мусофири автомашина, хурдсол Умари Насимҷон, соли таваллудаш 2016 дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *