Таркиши мошини газ дар роҳи Душанбе – Чаноқ. Роҳ баста аст (аудио)

Мошини  ҳомили газ ба автобуси ширкати Asian Express дар роҳи Душанбе – Чаноқ  бархӯрдааст. Дар натиҷа ронандаи мошини интиқолдиҳандаи газ ба ҳалокат расидааст.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба “Азия – плюс” гуфтанд, ки

“дар дохили автобус мусофирони зиёд буданд ва ҳоло дақиқ нест, ки чанд нафар маҷруҳ шудаанд”. “Ҳоло интиқоли мусофирон аз автобус идома дорад».

Гуфта мешавад, ки дар километри 46-уми роҳи Душанбе-Чаноқ дар натиҷаи садама, мошини интиқолдиҳандаи гази моеъ таркидааст. Айни ҳол роҳи Душанбе – Чаноқ муваққатан баста аст.

Дар ин бора филиали ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дода, навишт, ки ҳодиса субҳи имрӯз, 6-уми сентябр рух дода, нақлиёти интиқолдиҳандаи гази моеъ бинобар аз кор баромадани дастгоҳи боздорандаи ҳаракат (тормоз) ба садама дучор шудааст ва дар натиҷа, таркиш ба амал омадааст.

“Вобаста ба ин, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин минтақа муваққатан маҳдуд гардид”, — омадааст дар иттилоя.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *