Генерал Назарзода ба чӯпон барои наҷоти одамон медал дод

Генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба  чӯпоне, ки сокинони деҳаи “Амондара”-и шаҳри Панҷакентро аз фаромадани сел огоҳ карда, ҷонашонро наҷот додааст, медали фахрӣ тақдим намуд.

Шаҳзода Бутаева, масъули Кумита гуфт, ки Бобохон Маллахонов, ки дар кӯҳ ба чаррондани чорво машғул буд, аҳолиро аз омадани сел хабардор намуда, талафоти ҷониро пешгирӣ намуд.

Манбаъ афзуд, медали фахрӣ ба Маллахонов барои ҳушёриву зиракӣ ва рафтори қаҳрамононааш супорида шуда, ҳамчунин бо туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби ҳукумати вилоят қадр карда шуд.

Манбаъ афзуд, ҳодиса шоми 26 июн дар деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент рух дода, ба 70 манзили истиқоматии аҳолӣ селоба даромада зарари худро расонид: “3 адад хона пурра, 4 адад қисман ва 10 хона дар ҳолати омӯзиш аз тарафи комиссия қарор дорад. Хонаҳои боқимонда ба ҳавлиҳояшон селоба даромадааст, роҳи байни деҳавӣ ва заминҳои кишти зироат ва наздиҳавлигии аҳолӣ зарар дидаанд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *