Дуздони Корвон дастгир шуданд

 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст,ки  сӯхтори имшаба  дар бозори Корвон масоҳати 480 метри мураббаъро фаро гирифтааст.

Ба гуфти ин ниҳод,сӯхтор соати 20:03 ба амал омада, дар натиҷа 25 мағоза ва 260 нуқтаи савдо зарар дидаанд: «Ба ҷои ҳодиса 28 адад автомашинаҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва зиёда аз 2000 нафар ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ сафарбар карда шуданд» навиштааст торнамои вазорат.Ҳоло бо шаҳодати хаӣарнигори мо , дар бозори Корвон шумораи зиёди кормандони  ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд.
Дарвозаҳои шашу ҳафти бозор, ки сӯхтор онҷо сар задааст, пурра баста буда, милисаҳо  танҳо фурӯшандаҳои дуконҳои оташгирифтаро баъди шиносоӣ ба дарун роҳ медиҳад.  Баъзе кормандони милиса гуфтаанд, ки шаб дар пайи сӯхтор ҳолатҳои дуздӣ ба амал омадааст ва чанд нафари онҳо дастгир шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *