Германия — барандаи Ҷоми Конфедератсияҳо-2017

Дастаи мунтахаби футболи Германия, ки шаби  2 июли соли равон дар бозии ниҳоӣ  мунтахаби Чилиро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, шуд, аввалин бор  Ҷоми Конфедератсияҳо гардид. Бозии ниҳоии Ҷоми Конфедератсияҳоро дар «Санкт-Петербург Арена» -варзишгоҳи нави бошгоҳи «Зенит»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия беш аз 57 ҳазор мухлис бозавқ тамошо  карданд.

Мунтахаби Чили аз дақиқаҳои аввали бозӣ ташаббусро ба даст гирифт. Вале дарвозабони олмониҳо Марк-Андре тер Штеген пас аз зарбаи Артуро Видал аз масофаи дур тӯбро баргардонд. Бозигари дигари чилигиҳо Эдуардо Варгас низ лаҳзаи хуби голзаниро аз даст дод.

Мунтахаби Олмон дар дақиқаи 20-ум муваффақ гашт. Нимҳимоятгари чилигиҳо Марсело Диас дар ҷаримагоҳи дастааш тӯбро гум карду ҳамлагари олмониҳо Тимо Вернер онро ба ҳамдастааш  Ларс Штиндл равона кард, ки ӯ бе мамониат онро ба тӯри дарвоза зад.

Аз рӯи натиҷагирии Ҷоми Конфедератсияҳо капитани мунтахаби Олмон Юлиан Дракслер беҳтарин бозигари мусобиқа эътироф гашт. «Бутсии тиллоӣ» — ҷоизаи беҳтарин нишонзани мусобиқа – ба ҳамлагари олмониҳо Тимо Вернер, ки се гол задааст, супурда шуд. Клаудио Браво, аз дастаи мунтахаби Чили, соҳиби ҷоизаи беҳтарин дарвозабони Ҷоми Конфедератсияҳо гардид.

Бояд тазаккур дод, олмониҳо барои севумин бор дар Ҷоми Конфедератсияҳо ширкат карданд. Аз ин пеш натиҷаи беҳтаринашон мақоми севум дар мусобиқаи соли 2005-ум дар Олмон буд. Он сол мунтахаби Олмон барои медалҳои биринҷӣ тими миллии Мексикаро дар замони изофӣ бо ҳисоби 4:3 шикаст дода буд.

Дар мусобиқаи имсолаи Ҷоми Конфедератсияҳо дар Русия мунтахаби Португалия, ки дар замони изофӣ бар тими миллии Мексика бо ҳисоби 2:1 (замони асосӣ – 1:1) ғолиб омад, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *