Голи якум ва шикасти панҷуми «Истиқлол» дар Лигаи чемпионҳо-2

Клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе бозии панҷуми худро дар марҳилаи гуруҳии Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё-2024/25 бо дастаи «Шарҷа» (Аморати Араб) баргузор кард.

Вохўрии панҷуми «Истиқлол» мисли чор бозии дигараш низ бо шикаст ҷамъбаст шуд, аммо даста тавонист, ки дар ин марҳила аввалин голро ба ҳадаф расонад. Ин голро Эҳсони Панҷшанбе зад. «Шарҷа» тавонист, ки се гол занад ва пирўзии худро таъмин кунад. Дар бозии аввал «Шарҷа» дар Душанбе як гол зада буд.

Дар бозии дигари ин гуруҳ байни дастаҳои «Ал-Ваҳдат» (Урдун) ва «Сипоҳон» (Эрон) ѓолиб маълум нашуд. Бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом ёфт ва «Ал-Ваҳдат» ба даври плей-офф роҳхат гирифт.

«Истиқлол» бози охиринашро дар ин мавсими Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё 3-юми декабр дар Душанбе бо дастаи «Сипоҳон» баргузор мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *