Гулгузорӣ зери садои эътирозҳо

Роҳбарони Молдова бо мақсади баргузории маъракаи бахшида ба Рӯзи Истиқлолият дар пасманзари шиорҳои зидди ҳукуматии эътирозгарон дар маркази Кишенев ҷамъ шуданд. Рӯзи 27 август мақомот этирозгаронро, ки дар пояи муҷассамаи Штефани Бузург, дар Майдони маҷлиси миллӣ ҷамъ омада буданд, пароканда карданд. Дар ин бора Deutsche Welle хабар додааст.

Рӯзи якшанбе ҳазорҳо нафар бо раҳпаймонӣ дар маркази Кишенев талаб карданд, ки ба фасодкорӣ ва идораи ғайри муассири давлатдорӣ хотима диҳанд. Раҳпамоиро мухолифин ташкил кард. Эътирози рӯзи душанбе идомаи он буд. Ба навиштаи маҷаллаи NewsMake субҳи рузи душанбе  пулис 15 мусофирбарро ба майдон овард ва аз тазоҳургарон талаб кард, ки бинобар барномаҳои расмӣ бояд ба автобусҳо нишинанд ва майдонро холӣ кунанд.Садҳо нафар баро тазоҳурот дар Рӯзи Истиқлолият ба майдон баромаданд ва мақомот бо шумули президенти Молдова Игор Додон, раиси порлумон Андриан Канду ва сарвазир Павел Филип дар пасманзари шиорпартоии эътрозгарон бар пояи муҷассамаи Штефани Бузург гул гузоштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *