Гулноз — Тоҷикистон

Нигоҳ

Эй дар осори хаёлам ёди Ту,

Дар ду чашмам чашмҳои шоди Ту.

Ҳар чи ғайри туст,бар ман нестист,

Гарчи он аз боргоҳи эзадист.

Машмарӣ дилро гузаргоҳу тамом,

Ин самои туст, эй ахтармақом.

Даъват ояд аз суруди дидаҳо,

Сўи аз тақдирҳо ранҷидаҳо.

Дастҳоям тарҷумони фикри Ту,

Достонам коргоҳи зикри Ту.

Дузди ҳуши туст маънии шароб,

Мекашонад ҷисмро то рахти хоб.

То саҳар афсўс мемонад фақат,

Дарди сарро рўҳ медонад фақат.

Он шаробе, ки барои мо равост,

Доруи дидор, меъёри давост.

Бо шаробе шўй дастат аз шароб,

Ихтисораш кун аз ин дунёи об.

***

Ишқофарин

Хоб дидам модарам пушти дар аст,

Ҷои дасту пои ў болу пар аст.

Бол меафшонд, мешуд дуртар,

Во нашуд дар хобҳои тира дар.

Пушти дар раҳ буду нуру осмон,

Осмоне, ки рабояд одамон.

Хобро дар хоб донистам чӣ буд,

Қиссаи деринаи буду набуд.

Андак-андак меравӣ аз чашмҳо-м,

Модар, эй ороми дур аз издиҳом.

Модар, эй имрўзи беояндаам,

Лек дар андешаҳо пояндаам.

Он чи бо мову ту дунё мекунад,

Баъди мурдан бол пайдо мекунад.

Мекунад як рўз моро ҳам садо,

Осмони холии бемунтаҳо.

***

Дар осмон

Рўзи зебое барои шеър буд,

Дар дилам созу ҳавои шеър буд.

Боз бепарво мисоли зарраҳо,

Лаҳзаи парвоз дар саҳни фазо.

Хостам то ибтидо орам назар,

Аз миёни асрҳо кардам гузар:

Нурҳо дар ихтиёри обҳо,

Обҳо ором ҳамчун хобҳо.

Балки одаммоҳии танҳотарин,

Гоҳ дар обу гаҳе соҳилнишин.

Даштҳо хомўш чун сатҳи хаёл,

Мезанад Симурғ сўи шамс бол.

Кўҳҳо он ҷо парандакҳои хуш,

Бешаҳо хеле ҷавонанду баҳуш.

Ё ба хаҷми соҳати зебои худ,

Ҳаст холӣ олами буду набуд.

Бо умеди сабзи одам гаштанаш,

Растанӣ хушбахт ҳаст аз буданаш.

Достони дастҳояш сурх буд,

Лек аз одам шудан пайке набуд.

Ишқ ҳам дар ҷустуҷўи манзиле,

Хоб медиду намеёбад диле.

Хешро дидам, ки як каф хоки нам,

Дар талоши ҳаст гаштан метапам.

Ҷунбише омад зи дарки нури Ў,

Ҳаст кардан шуд маро манзури Ў.

Бо ҳамин тадбир номи Ў Худост,

Ў ҳамон сардафтари дунёи мост.

Содаҳайроне, ки «О» буд исми он,

Шуд нидои аввалини он замон.

Баски донистем меъёри шитоб,

Дер кардан буд дар таҳрики об.

Нашъаи мо шеър шуд дар зиндагӣ,

Берун афтода зи кори бандагӣ.

Коргоҳи вожаҳоро сохтем,

Шеър гўён лаҳзаҳоро бохтем.

Балки ин бозомадан аз марг буд,

Сўи боло рафтани як барг буд.

Вақти тайрон сабз шуд он барги зард,

Хешро бо шохаҳо пайванд кард…

Айни рўъёе фарорун пайк дод,

Аз пагоҳу аз ҳама фардои шод.

Боз дар тобеи дирўзи ҷаҳон,

Ё тасодуфҳои имрўзи равон.

Ё ки дар бими ғаму фардои дур,

Бигзарад ин шоирӣ бо шому нур.

Ҷисми мо бо рўҳи дунё зинда буд,

Зиндагӣ ҳам бо садоҳо зинда буд.

Мову ту як зиндагиро зистем,

Омадему кашф кардем, кистем.

Ҳазм карда вожаи «ором»-ро,

Хоби гулҳои намози шомро.

Дарк карда ҷони бетамкини об,

Баҳри бесоҳил шудем аз изтироб.

Қулла гардидем бо дарки нигоҳ,

Лаҳзае будем дар домони моҳ.

Дилнавардо, достонам шуд тамом,

Дорад аммо зиндагии мо давом.

Чун далели ишқ дилро ҳамчунин,

Мениҳам дар сатрҳои охарин.

گلناز- تاجیکستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *