Парвандаи Тӯра Суннатовро ба Додгоҳи шаҳри Душанбе фиристоданд.

Тӯра Суннатов, як адвокати собиқ бо истифода аз нусхаи мӯҳри Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми 16 зиндониро кам карда, даҳ нафари дигарро аз маҳбас озодкардааст.

Тӯра Суннатов, сокини 38-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар ҳоли ҳозир барои «сохтакории аснод” ва «қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон” муттаҳам аст ва парвандаашро барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Душанбе фиристоданд.

​Баҳриддин Исозода, муфаттиши корҳои махсусан муҳими Додситонии кул, рӯзи 21-уми июн гуфт, ки Тӯра Суннатов, инчунин, бо истифода аз мӯҳри Додгоҳи олӣ ва имзои додрасҳо чанде аз маҳкумшудагонро аз зиндони низомаш сангин ба маҳбаси оддӣ ё маъмулӣ интиқол додааст. Ба қавли ӯ, Тӯра Суннатов ин ҳама корро дар тӯли солҳои 2015-2016 анҷом дода, моҳи декабри соли гузашта дастгир шудааст.

«Феълан ӯ дар боздошт қарор дорад ва бояд Додгоҳи пойтахт парвандаро баррасӣ ва ҳукмро эълон кунад. Тӯра Суннатов дар гузашта вакили дифоъ буда, соли 2008 барои се сол зиндонӣ шудааст. Ӯ баъди раҳоӣ аз зиндон ин нақшаро тарҳрезӣ карда ва сипас аз пайи иҷроаш мешавад”, — гуфт Исозода.

Қазияи аввалаи Суннатов марбут ба «тақаллуб» мебошад.

Ҳамсуҳбати мо дар Додситонии кулл афзуд, ҳамроҳи Тӯра Суннатов ду вакили дифои дигар, ки аз онҳо Бобомуродов ва Сайфиддинов ном бурда мешавад, низ боздошт шудаанд. Ӯ гуфт, «онҳо барои иҷрои ин кор ягон бинои додгоҳ ё идораи дигари интизомиро банд накарда, танҳо аз нирӯи як компютер, «сканер” ва коғази оддӣ истифода намудаанд.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *