Хайрандеш Шоири халқии Тоҷикистон шуд
Имрӯз, 29 август шоири шинохта ва бунёдгузори маҳфили «Ҳамешабаҳор» Хайрандеш аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Шоири халқии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд.
Хайрандеш ё Қурбонов Хайриддин Шарифович 4 апрели соли 1961 дар деҳаи Чагами Болои ноҳияи Маскав (ҳоло Ш. Шоҳин) ба дунё омадааст.
Маълумоти миёнаро то синфи 9 дар зодгоҳаш гирифта, мактаби миёнаи №30 ноҳияи Коммунистӣ (ҳоло Кушониён)-ро соли 1978 хатм кардааст.
Соли 1983 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикисторо хатм карда, соли 1999 гимназияи хусусии «Хайрандеш»-ро таъсис дода, директори он буд. Ӯ муаллифи асарҳои «Хайробод», «Зиёратнома», «Сад қатра ашк», «Замзама», «Хайробод», «Тоҷикнома», «Чархофалак», «Ғазалпайванд» ва «Куллиёт» мебошад.
Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст ва маҳфили “Ҳамешабаҳор”-ро дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон сарарӣ мекунад, ки умри 40-сола дорад. Ҳамзамон, сардабири нашрияи бачагонаи “Пайрав”, замимаи ҳафтаномаи “Омӯзгор” мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ