Хайрулло Назарзода: Waikiki 100 нафар донишҷӯро бо кор таъмин мекунад
Мағозаи бузурги «Waikiki» барои ҳамкорӣ ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мактуби ҳамкорӣ фиристодааст. Дар номаи ин мағозаи туркӣ гуфта шудааст, ки омодаи таъмини 100 нафар донишҷӯи ин дошгоҳро ба ҷои кори доимӣ дорад.
Дар ин бора имрӯз, 30 январ Хайрулло Назарзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дошт.
Ҳамчунин, ректор иттилоъ дод, ки дар самти ҳамкориҳои судманд бо Корея шартнома ба имзо расид.
“Донишҷӯёни донишгоҳ дар таъмин бо ҷои кор мушкилӣ надоранд”,-гуфт ректор.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ