Харитаи нав: Ҳудуди давлати Сомониён то кадом марзу бум густариш дошт?

Замони давлатдории Сомониён бидуни тардид асри заррини натанҳо таърихи мардуми тоҷик, балки тамоми мамолики шарқи мусулмонӣ аст. Чунки дар ин давра тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум — сиёсат, иқтисод, фарҳанг, илму ҳунар ва санъату адабиёт ба баландтарин дараҷаи тараққии худ расидаанд.

То кунун масъалаҳои гуногуни вобаста ба таърихи давлатдории Сомониён аз ҷониби донишмандони ватанию хориҷӣ ба баҳсу баррасӣ кашида шуда, паҳлуҳои норавшани таърихи ин давлат дар маҷмуъ баён шуда буданд. Аммо масъалаҳои вобаста ба ҳудуди давлати Сомониён, аз ҷумла густардаи ҷуғрофиёии ин давлат дақиқан омӯхта нашуда буд. Осору мақолаҳои нашршуда дар ин хусус танҳо фарогири маълумоти умумӣ ва нисбатан тахминӣ буданд. Ба ҳамин сабаб харитаи қаблии давлати Сомониён, ки дар бештари осори илмӣ ва таълимӣ истифода шудааст, ҳудуди ин давлатро ба шакли комил ва мушаххас инъикос намекунад. Аз ҷумла, дар ин харита ҳатто баъзе аз манотиқи кунунии Тоҷикистон, вилоятҳои Ҷибол (шаҳрҳои бузургаш Рай (Теҳрони имрӯзӣ), Исфаҳон, Ҳамадон, Қазвин, Занҷон), Гургон (марказаш Астаробод), Табаристон (марказаш Омул ва Сорӣ), Кирмон (марказаш Ҷируфт) ва Сиистон (марказаш Заранҷ, шаҳрҳои бузургаш Ғазна, Буст, Қандаҳор), Ғур (марказаш Фирӯзкуҳ), ки тобеи Сомониён буданд, берун аз ҳудуди давлати Сомониён тасвир шудаанд. Яъне тақрибан 25-30% ҳудуди давлати Сомониён дар харитаҳои қаблии марбут ба ин давлат тасвир нашудаанд.

Аз ин рӯ, зарурати таҳқиқи мавзуъ дар чаҳорчӯби як рисолаи номзадӣ ба миён омад ва дар пайи он харитаи нави давлати Сомониён таҳия шуд. Ин андеша ҳам, албатта дар заминаи расидан ба истиқлоли давлатӣ, ки барои қишри соҳибтафаккури ҷомеа имкони истиқлоли фикрӣ падид меорад, ба миён омад. Далели асосии тасвири ҳудуди давлати Сомониён дар қаламрави васеътар бевосита матнҳои маъхазҳои таърихӣ мебошанд. Аз ҷумла, дар “Таърихи Бухоро”-и Наршахӣ, “Зайну-л-ахбор”-и Гардезӣ, “ал-Комил фӣ-т-таърих”-и Ибни Асир, “Таъриху-р-русули ва-л-мулук”-и Табарӣ, “Сиёсатнома”-и Низомулмулк, “Таърихи Сиистон”, “Таърихи Табаристон”, “Таърихи Яминӣ”, Қобуснома”, “Равзату-с-сафо”-и Мирхонд ва ғ., ки барои мо хуб шиносанд. Дар ин маврид далелҳои нумизматикӣ (сиккашиносӣ) ҳам вуҷуд доранд.

Харитаи нави давлати Сомониёнро асосан роҳбари илмиям, устоди арҷманд, номзади илмҳои таърих Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ соли 2010 таҳия карда буданд, ки дар умум ҳудуди давлати Сомониён дар он ба шакли комил тасвир ёфта буд. Танҳо марзҳои давлати Сомониён аз ҳама самтҳои ҷуғрофӣ ва ҳудуди вилоятҳои тобеи он дар давраҳои мухталиф ва макони баъзе шаҳрҳо ҳам дар ин харита каме норӯшантар тасвир шуда буданд. Аз ин рӯ, бо роҳнамоии устодам Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ ба таҳқиқи мавзуъ шуруъ кардам ва дар заминаи ахбори сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ва баррасии осори илмии муосир соли 2020 дар мавзуи «Ҷуғрофиёи таърихии давлати Сомониён» (дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ) рисолаи номзадӣ ҳимоя кардам.

Аз ҷумла, муайян карда шуд, ки дар замони ҳукумати Исмоили Сомонӣ (892-907) ҳудуди давлати Сомониён сарзаминҳои васеъро фаро гирифта, аз шимол — водии дарёи Талас, дар ҷануб то Сиистон, аз шарқ — марзҳои Туркистони Шарқӣ ва Синд, дар ғарб то Эрони Марказӣ мерасид. Дар умум ин ҳудудро агар бо андозагириҳои имрӯзӣ дарҷ кунем, он 2,8 млн км2-ро ташкил медиҳад. Исмоили Сомонӣ бо маҳорати хуби сиёсӣ ва хирадмандии худ тавонист дар чунин ҳудуди паҳновар давлати қудратманду мутамарказро таъсис диҳад. Тамоми талошҳои Исмоил ҷиҳати таъмини бехатарии дохилӣ ва хориҷии мамлакат натиҷаи мусбат доданд ва ӯ имкон ёфт, ки ба ташкили дастгоҳи идории муташаккил ва сипоҳи муназзам пардозад.

Яъне, дар пайи таҳқиқ ҳудуди давлати Сомониён ва марзҳои вилоятҳои тобеи ин давлат дақиқан муайян шуд ва дар заминаи ин таҳқиқ харитаи нави давлати Сомониён пешниҳод гардид. Дар ниҳоят китоб (монография)-и мо — «Ҷуғрофиёи таърихии давлати Сомониён» бо ду хат, кириллӣ ва форсӣ чоп ва ба хонандагон пешниҳод шуд, то аз масъалаҳои марзӣ-ҳудудии бузургтарин давлати миллии асримиёнагии тоҷикон огоҳии бештаре дошта бошанд.

Умед дорем, ки харитаи нави давлати Сомониён, ки ҳамзамон густардаи ҷуғрофиёии сарзаминҳои тоҷикнишинро тасвир мекунад, дар шинохти дурусттари таърихи миллат аз ҷониби шаҳрвандони мамлакат ва ҷаҳониён мусоидат хоҳад кард.

Некрӯз САФАРЗОДА,

номзади илмҳои таърих, муаллифи харитаи нави давлати Сомониён, корманди Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *