футбол

Резаахбор: Аз вазифаи нави Рашид Раҳимов то мусобиқаи CAFA

Рашид Раҳимов сармураббии дастаи “Рубин”-и Русия таъйин шуд. Муҳлати қарордод то анҷоми мавсим гуфта мешавад, вале дар сурати роҳ ёфтани даста ба Премйер лигаи Русия роҳбарияти клуб метавонад шартномаро бо сармураббӣ тамдид кунад. Даста бо роҳбарии Раҳимов бозии якумашро бо «Шиник» 3:0 ҷамъбаст кард. То анҷоми мавсими Чемпионат дар Лигаи дуюми Русия 9 даври дигар боқӣ мондааст. Баъди гузашти 27 давр, дастаи “Рубин” бо касби 50 хол дар зинаи дуюм қарор дорад.

***

Наврасони намояндаи варзиши сабуки Тоҷикистон ба Чемпионати Осиё ба шаҳри Тошканд мераванд. Мусобиқа дар пойтахти Ўзбекистон аз 27 то 30-юми апрел баргузор мешавад. Дар он 424 варзишгар аз 29 кишвар ширкат мекунанд. Тоҷикистонро Дианна Абдуллоева, Тимур Диордитса, Лутфулло Насруллоев, Нигора Амирхон, Ҳучейн Қулов, Машраб Қурбонов, Самирҷон Замонзода ва Бобоҷон Бобоев намояндагӣ мекунанд.

***

Аз 22-юми апрел то 1-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд Чемпионати қаиқронии Осиё дар байдарка ва каноэ байни наврасону ҷавонон баргузор мешавад. Тими наврасон ва ҷавонони Тоҷикистон барои ширкат дар чемпионат дар макони баргузории мусобиқот ба ҷамъомади машқӣ-варзишӣ машғул аст. Ҷумҳурии моро дар ин чорабинӣ 25 варзишгар (19 писар, 6 духтар) намояндагӣ мекунанд.

***

Аҳлиддин Турдиев, ки ҳамагӣ чанд рўз пеш аз вазифаи сармурабии КМВА (Душанбе) бо хоҳиши худ истеъфо дода буд, дарҳол сармурабии дастаи «Кўктош»-и ноҳияи Рўдакӣ таъйин шудааст. Дар ин бора аз ин клуб хабар доданд. Ў дар ин вазифа мутахассиси ўзбекистонӣ Абдуҷаббор Маъруфалиевро иваз кард. Далели барканории Маъруфалиев гуфта нашудааст. Шамсиддин Қосимов иҷрокунандаи вазифаи сармураббии КМВА таъйин шудааст.

***

Дастаи мунтахаби футболи Русия аз ширкат дар мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) даст кашидааст. Пештар гуфта мешуд, ки ин даста дар баробари дастаҳои Осиёи Марказӣ дар мусобиқаи тобистони имсол ширкат мекунад. Котиби генералии Шўрои футболи Русия Масик Митрофанов гуфтааст, ки Русия расман ширкати худро дар ин мусобиқа тасдиқ накард. Мусобиқа бо ширкати дастаҳои Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон, Афғонистон дар Тошканду Бишкек баргузор хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *