Милитсияи пойтахт. Ҷинояткорӣ коҳиш ёфту эътимоди мардум афзоиш

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе доимо зери таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қарор дошта, бо мақсади иҷрои сатҳи баланди уҳдадориҳои хизматӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолияти оперативӣ-хизматиро ба роҳ мондаанд.

Таъмини тартиботу волоияти қонун вазифаи пурифтихору пуршарафест, ки ҳар як корманди милитсия бо дарки масъулият ва ифтихормандӣ аз касби худ онро иҷро менамоянд.

Қобили зикр аст, ки дар давоми 3 моҳи соли ҷорӣ кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро зимни баргузории 74 чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ, ки 7-тои он бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, дар сатҳи баланди касбӣ таъмин намудаанд.

Дар натиҷаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои судманд бо тамоми қишрҳои аҳолӣ ва баргузории рейду корҳои фаҳмондадиҳӣ сол то сол сатҳи содиршавии амалу кирдорҳои ҷиноятӣ майли коҳишёбӣ дорад. Аз ҷумла, дар ин давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди пойтахт содиршавии амалу кирдорҳои ҷиноятӣ дар тамоми самтҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар умум 9,7% коҳиш ёфтааст.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм муҳимтарин ва афзалиятноктарин самти фаъолияти ҳамаи сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, бо ибтикори роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, бо мақсади дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон ва ба ин тартиб пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳаракатҳои тундгаро, ҳамзамон ҷиҳати таъмини иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», маҳфили «Маърифати ватандӯстӣ» ташкил карда шуда, бо ҷалби донишмандони соҳаҳои касбу кори гуногун вохӯриву мулоқотҳои судманд баргузор карда мешаванд. Чунин мулоқоту вохӯриҳо ба баланд гардидани ҷаҳонбинӣ ва савияи ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамоянд.

Самти дигари фаъолияти мақомоти милитсия — ин мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор мебошад. Воқеан, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор яке аз сарчашмаҳои асосии маблағузории гурӯҳҳои ҷиноятиву харобкор ба шумор меравад.

Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб намудани гурӯҳҳои нашъаҷаллоб ба таври ҳамешагӣ дар ҳудуди пойтахт чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро ба роҳ мондаанд. Чуноне аз таҳлилҳо бармеоянд, давоми се моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар умум беш аз 286 килограмм воситаҳои гуногуни нашъадор дарёфту мусодира карда шудааст. Бо мусодираи ин миқдор маводи заҳрогин то андозае хавфи гирифторшавии афроди зиёде ба бемории ҷонкоҳи нашъамандӣ гирифта шуд.

Нозирони минтақавии милитсия ҳамчун симои мақомоти корҳои дохилӣ пайваста зери таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қарор доранд. Ин аст, ки сол то сол сатҳи фаъолият ва хизматбарии нозирони минтақавӣ дар натиҷаи бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидан, беҳтар гардидааст. Қобили зикр аст, ки нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ саҳми арзанда доранд.   Давоми се моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби нозирони минтақавии милитсия дар шаҳри Душанбе 222 ҷиноят ошкор карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 41,4% бештар мебошад.

Вазифаи асосии мақомоти милится, пеш аз ҳама пешгирии содиршавии амалу кирдорҳои ҷиноятӣ бо роҳи профилактикаю тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ба шумор меравад. Бо ин мақсад, ҷиҳати таъсирбахш гардидани чораҳои андешидашуда ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар фаъолияти кории мақомоти милитсия ба таҷрибаи татбиқи ҳабси маъмурӣ диққати махсус дода шуда истодааст. Тибқи таҳлилҳо татбиқи ҳабси маъмурӣ то андозае дар тарбия ва ба роҳи рост ҳидоят намудани афроди майл ба содирнамоии ҷиноят дошта мусоидат намуд. Дар ин давраи ҳисоботӣ нисбати 220 нафар ҳуқуқвайронкунандагон тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбати ҳар кадоме ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 5 то 15 шабонарӯз татбиқ карда шуд.

Қобили зикр аст, ки маҳз дар натиҷаи сиёсати ҷавонпарваронаи роҳбарияти олии кишвар сол то сол ҷавонону наврасон ба илму дониш рӯ оварда, содиршавии амалҳои ҷиноятӣ аз ҷониби ин қишри ояндасоз майли коҳишёбӣ дорад. Аз ҷумла, дар 3 моҳи соли ҷорӣ кирдорҳои ҷиноятӣ аз ҷониби ноболиғон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 68,8 % камтар содир гардидааст.  

Ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷинояткории ноболиғону ҷавонон, бахусус муноқишаҳои гурӯҳӣ дар шаҳри Душанбе амалиёти шартии «Корд» роҳандозӣ гардида истодааст. Давоми се моҳи соли ҷорӣ, дар натиҷаи амалиёти мазкур аз ноболиғону ҷавонон дар умум 88 адад силоҳи сард ва предметҳои ба сифати силоҳ истифодашаванда, аз ҷумла 52 адад корд, 35 адад кастет ва 1 адад электрошокер дароёфту мусодира карда шудааст.  

Ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва амнияти ронандагону пиёдагардон кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ба таври шабонарӯзӣ чорабиниҳои заруриро мунтазам таҳия ва амалӣ менамоянд. Дар натиҷаи ин тадбирҳои андешидашуда вазъи садаманокӣ ба таври назаррас, аз ҷумла дар муқоиса бо соли гузашта шумораи садамаҳои нақлиётӣ 11,0% коҳиш ёфтааст.

Зимнан, қобили таъкид аст, ки шаҳрвандон низ дар таъмини волоияти қонун ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб нақши арзанда доранд. Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон бевосита зери назорати роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дошта, ҳамаи муроҷиатҳои шаҳрвандон ба пуррагӣ ва воқеъбинона мавриди санҷиш қарор дода мешаванд. Ин аст, ки сол то сол эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти милитсия афзун гардида, обрӯ ва нуфузи мақомоти милитсия дар ҷомеа афзоиш ёфтааст.  

Бо назардошти камбудиҳои дар давоми семоҳаи аввали соли 2023 ҷойдошта, ҷиҳати бартараф намудани онҳо ва боз ҳам беҳтар намудани натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ба масъулин дастуру супоишҳои мушаххас дода шуда, нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуданд.

Ҳамидзода Бароталӣ Партов,

сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, генерал-майори милитсия

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *