Хатлон 95 нафақагири аз 100 то 120-сола дорад
Феълан дар вилояти Хатлон 95 нафақагир зиндагӣ мекунанд, ки синнашон аз 100 боло аст. Куҳансолтарини онҳо 120 — сола буда, сокини ноҳияи Ховалинг мебошад.
Аз Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 293 ҳазору 520 нафақагир зиндагӣ мекунанд. Ба иттилои ин ниҳод талаботи нафақаи онҳо дар як моҳ 137 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
«Аз ин 95 нафар аз 100 то 120 — солаанд. Ҳоло дар чанде аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 11 нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 21 иштирокчии ақибгоҳ басар мебаранд, ки онҳо ҳам ҳар моҳ нафақа мегиранд»”,-иттилоъ дод манбаъ.
Ба иттилои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон аз ҳама куҳансолтарин нафақагир Басвимо Тураева, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг мебошад. Ӯ 120 — сола аст, ки куҳансолтарин нафақагир дар вилояти Хатлон аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ