Хатлон: Нақшаи даъвати ҷавонон ба Артиш иҷро шуд
Имрӯз, 2 октябр дар шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид. Ба ин муносибат роҳпаймоӣ низ доир шуд.
Ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қуваҳои мусаллаҳ дар рӯзи аввали оғози даъвати наваскарон ба Артиш пурра иҷро гардид.
Дирӯз, 1 октябр шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз иҷрои нақша хабар дода буданд.
Бояд гуфт, ки иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба Артиши кишвар дар як рӯз камсобиқа аст. Дар даъватҳои қаблӣ иҷроиши нақша як моҳ ва гоҳҳо аз он ҳам зиёд тӯл мекашид. Вале бо бештар кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баланд гардидани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ин маъракаи муҳим дар рӯзи аввал пурра иҷро гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ