Хатлон: Омодагӣ ба зимистон идома дорад

Ба хотири бидуни мушкилӣ гузаронидани тирамоҳу зимистон дар муассисаҳои маориф ва тандурустӣ аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон наздики 20 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Аз Сарраёсати Вазорати молияи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки то имрӯз зиёда аз 13 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Ба иттилои расида, 13 миллиону 695 ҳазору 900 сомонӣ ба соҳаи маориф ва наздики 1 миллиону 888 ҳазор сомонӣ ба соҳаи тандурустӣ рост меояд.

«Ҳоло 81 дарсад соҳаи маориф ва 77 дарсади дигар соҳаи тандурустӣ ба зимистон омода гардидааст. То 1 октябри соли равон нақшаи омодагӣ ба давраи мавриди назар пурра иҷро карда мешавад»,- гуфт манбаъ.

То имрӯз, 26 сентябри моли ҷорӣ 12 шаҳру ноҳия дар вилояти Хатлон ба давраи тирамоҳу зимистон пурра омода гардидааст. Боқимонда шаҳру ноҳияҳо ҳам то якҳафтаи дигар омода карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *