Хатлон: Сабти 13 ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ
Дар нуҳ моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 13 ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ сабт шудааст. Ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ назар ба ҳамин давраи соли 2023 афзоиш ёфтааст.
Аз шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлия дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки никоҳ давоми сол бо шаҳрвандони хориҷӣ назар ба нуҳ моҳи соли 2023 зиёд шуд.
«Дар нуҳ моҳи соли 2023-ум ҳамагӣ 9 аҳдномаи ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда буд. Давоми соли ҷорӣ ин шумора ба 13 ҳолат афзоиш ёфтааст»,-иттилоъ дод манбаъ.
Ба иттилои масъулин дар ин давра шаҳрвандони кишвари мо бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон 5 ҳолати бастани аҳдномаи никоҳ, Федератсияи Руссия 2, Ҷумҳурии исломии Афғонистон 2 ақди никоҳ ва кишварҳои Украина, Қазоқистон, Доғистон ва Туркманистон як ҳолатӣ ба қайд гирифта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ