Хатлон: Содироти беш аз 23000 тонна маҳсулот ба хориҷи кишвар
Дар соли 2022 аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба кишварҳои хориҷа беш аз 23 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст. Маҳсулот асосан ба Белорус, Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Афғонистон, Покистон ва Туркия содирот шудааст.
Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии содиротшуда наздики 3 ҳазору 820 тонна бо истифода аз роҳи оҳан ва 20 ҳазор тоннаи дигар тавассути нақлиёту ҳавопаймо ба хориҷи кишвар содирот шудааст.
Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ додааст, ки соли 2022 беш аз шаш ҳазор тонна сабзавот, аз ҷумла 4 ҳазору 157 тонна пиёз, 330 тонна полезӣ, зиёда аз 5 ҳазор тонна мевагӣ ва лиму, 10 ҳазору 860 тонна ангур ва 1 ҳазору 528 тонна дигар маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ