моҳипарварӣ

Дар Суғд ҳавзҳои нави моҳипарварӣ бунёд мешаванд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳавзҳои моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” боздид намудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳавзҳои моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” соли 2021 бунёд гардида, масоҳати умумии онҳо 3,2 гектарро ташкил мекунад ва шумораи ҳавзҳо 21 адад мебошад. Дар ин ҷо асосан гулмоҳӣ парвариш карда шуда, маҳсулот ба бозорҳои маҳаллӣ ба фурӯш бароварда мешаванд.

Гуфта мешавад, ки дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд асосан навъҳои гулмоҳӣ, тосмоҳӣ, лаққамоҳӣ, нуқрамоҳӣ, зағорамоҳӣ ва амури сафед парвариш карда мешаванд. Соли 2022 дар вилоят беш аз 800 тонна моҳӣ ба маблағи умумии 19,3 миллион сомонӣ истеҳсол гардидааст.

Раиси вилоят таъкид кардааст, ки “дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Ҷаббор Расулов, Ашт, Панҷакент ва Бобоҷон Ғафуров барои парвариши моҳӣ заминаҳои мусоид фароҳам буда, имкониятҳои мавҷуда бояд самаранок истифода гарданд. Дар ин раванд ташаббуси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар самти ташкили ҳавзҳои нави моҳипарварӣ муҳиму саривақтӣ мебошад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *