қурутоб

Хатлон: Вазъи заҳролудшудаҳо аз қурутоб муътадил аст (аудио)

Дирӯз, 24-уми январи соли 2023 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 48 нафар аз қурутоб заҳролуд шудаанд. Хушбахтона, сокинон сари вақт ба беморхона интиқол дода шудаанд.

Феълан вазъи заҳролудшудаҳо муътадил буда, баъди муоинаи тиббӣ аксарияти онҳо аз беморхона мураххас шудаанд. Вале ҳанӯз сокинони заҳролудшуда аз қурутоб таҳти назорати табибон қарор доранд. Хушбахтона, ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки ҳодиса пурра зери назорат буда, вазъи заҳролудшудаҳо муътадил аст. Барои муоинаи сокинони заҳролудшуда аз қурутоб масъулини Раёсати тандурустӣ, Маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон ва мутахассисони ботаҷриба аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рафтаанд.

Ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, қисме аз беморон дар Беморхонаи бемориҳои сироятии вилоятии шаҳри Кӯлоб ва боқимонда дар Беморхонаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бистарӣ мебошанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *