Мошини “Хамер” меорам гуфт, вале наовард
Фиребгарӣ бисёр шудааст. Сокинон шикоят мекунанд. Вазорати корҳои дохилӣ аз силсилаи фиребгариҳо хабар дод.
Як сокини 44-солаи пойтахт соли 2013 як сокини Ховалингро фиреб дода, аз ӯ 27 ҳазор доллар гирифта, ваъда додааст, ки ба ӯ аз хориҷа мошини “Хамер” меорад. Сокини Ховалинг ба ШВКД-и Фирдавсӣ шикоят кардааст, ки то ҳол мошинро наовардааст.
Фиребгар ба ғайр аз ин ду мошин — «Порше Кайен» ва «БМВ»-ро ба маблағи 25 ҳазор доллар нархгузорӣ карда, аз ҷабрдида гирифтааст, вале маблағро барнагардонидааст.
Ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ду нафар аз фиребгарӣ шикоят кардаанд. Зани 44-сола шикоят кардааст, ки моҳи июли соли 2022 як зани 35-солаи сокини А. Ҷомӣ аз ӯ 40 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки ба ӯ аз Душанбе хонаи якҳуҷрагӣ меёбад. Вале маблағро ба манфиати худ истифода бурда, барнагардонидааст.
Марди 60-солаеро аз ноҳияи А. Ҷомӣ моҳи июни соли 2022 зани 35-солаи ин ноҳия фиреб дода, 185 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Ӯ ваъда додааст, ки ба ин маблағ барои марди 60-сола аз Душанбе хона мехарад, вале то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
Аз рӯи ҳодисаҳои фиребгариву қаллобӣ ВКД тафтишот мебарад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ