Расмус Палудан

Оташзании “Қуръон”. Вокуниши давлатҳои мусалмоннишин чӣ гуна аст? (аудио)

Расмус Палудан, роҳбари ҳизби ифротии “Сахтгир” дар Шветсия рӯзи шанбе, 21-уми январ, дар назди сафорати Туркия дар Стокголм, зимни баргузории як ҳамоиши эътирозӣ алайҳи сиёсати муҳоҷират, нусхаи китоби Қуръонро оташ зад. Ин амал хашми миллионҳо мусалмонро дар саросари олам бедор кард ва боиси эътирози давлатҳои мусалмоннишин шуд.

Палудан пас аз он ки дар назди сафоратхонаи Туркия дар Стокголм алайҳи сиёсати НАТО, Туркия ва раисиҷумҳури он Раҷаб Тайиб Эрдуғон суханронӣ намуд, пайғамбари Исломро мавриди тавҳин қарор дод.

Ин амали ифротгароёна ва тавтеаталабонаи сиёсатмадори даниятабори Шветсия боиси хашми мусалмонони тамоми ҷаҳон гашт.

Вазорати корҳои хориҷии Туркия рӯзи 21-уми январ аввал сафари вазири мудофиаи Шветсия ба Анқараро лағв карда, гуфт, ки “ин сафар маънои худро гум кард” ва баъдан зимни як изҳорот таъкид намуд, ки “мо ҳамлаи разилона ба китоби муқаддаси худро қотеона маҳкум мекунем. Зери пардаи озодии баён, иҷоза додан ба ин амали зиддиисломӣ, ки ҳадафаш мусулмонон ва тавҳин ба арзишҳои муқаддаси мо мебошад, ғайри қобили қабул аст”.

Инчунин, дар шаҳри Истанбул садҳо нафар ба назди консулгарии Шветсия дар Туркия омада, парчами ин кишварро оташ заданд.

Вазорати корҳои хориҷии Туркия сафири Шветсияро даъват кард ва ба ӯ эътирози худро расонид.

Ҳамчунин, Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ низ бо маҳкум намудани ин амал, дар як изҳорот гуфт, ки “хоҳони густариши арзишҳое ба мисли муколама, мудоро, ҳамзистӣ ва мухолифи нафрату ифротгароӣ аст”.

Давлати Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Марокаш низ ин рафтори иғвогарона ва ифротгароёна дар Шветсияро маҳкум намуданд.

Рамзан Қодиров, роҳбари Чеченистони Русия низ аз ин рафтори сиёсатмадори Шветсия сахт интиқод кард ва гуфт “ҳар кас он чизеро, ки коштааст, дарав мекунад ва ҳамаи афроде, ки дар ин амали пас даст доранд, ба лаънати абадӣ гирифтор шудаанд. Инро рӯзе мефаҳманд, аммо дер мешавад”.

Худи Палудан ҳоло дар ин робита чизе рӯшан нагуфтааст. Тобиас Билстром, вазири умури хориҷии Шветсия гуфт, барангехтани иғво бо ҳадафи исломситезӣ ошуфтакунанда аст. Ӯ дар “Твиттер” навишт: “Шветсия аз озодии баёни густурдае бархӯрдор аст, вале ин бад он маъно нест, ки ҳукумати Шветсия ва ё ман тарафдори назари баёншуда бошем”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *