Хатои Беҳзод ӯро 10 сол паси панҷара бурд

…Вақте ки падараш ба Беҳзоди ҳоло 28 — сола чунин  номгузорӣ кард, ҳаргиз умед надошт, ки ӯ дар фиребгарӣ номи бузургмардеро, ки ба шарофати ӯ номашро  гирифта буд, чунин беқадр мекунад.      Рассоми машҳур Беҳзод, ки бо мӯқалами  зебонигораш ва бо миниатюраҳои нотакрораш   дар тамоми Шарқ ва баъдан Ғарб ҳам машҳур гашта буд, агар имрӯз зинда мебуд, аз кирдори ҳамноми худ сад бор сурху сафед мегашт.

Гап дар сари он, ки барои Беҳзоди дуюм фиребгарию қаллобӣ касби асосӣ шуда буд ва барои ин кор ҳукми судӣ ҳам гирифта буд. Аммо мақсадаш, ки  танҳо бо роҳи дурӯғу макр  ба даст овардани маблағи бедарди миён буд, ба касби худ идома медод. Махсусан, занҳои зудбовар  ба доми ин Беҳзоди “наққош”-и замон бештар меафтоданд, ки баъдан аз ноилоҷӣ мушт ба сари худ мезаданд. Беҳзоди сониро шиносе буд бо номи Маҳина Табарова. Беҳзод пештар  бо ин зани соҳибкор додугирифт дошт ва баъзан аз ӯ барои  хароҷоташ маблағ мегирифту сари вақт бозпас мегардонд. Ин буд, ки ӯ тавонист боварии ин занро ба худ  “садфоиза” кунад. Ниҳоят, бори охир, моҳи октябри соли  2014  аз ӯ 2000 доллар қарз гирифта,   бо ҳамин паяш рӯфта шуд. Вале бо талабҳои пайвастаи Маҳина, қисм-қисм ҳамагӣ 550 доллари ӯро баргардонду халос. Дар ин миён “Тойота Кемри”-и Маҳина Табарова ба садама гирифтор шуд ва  найрангҳои  Беҳзод низ авҷ гирифтанд. Ӯ барои ин садама аввал ба Маҳина “ҳамдардӣ” изҳор намуду баъд ваъда кард, ки бо маблағи андак онро таъмир мекунаду мефурӯшад.  Ба ивази ин “хизмат” Беҳзод аз Маҳина 3900 сомонӣ гирифт. Маҳина низ бебаркаш, то он замоне, ки ваъдаҳои дурӯғини Беҳзод ба ҷонаш нарасиданд, ин талабҳои ӯро иҷро менамуд. Ниҳоят, ӯ низ ба хулосае омад, ки агар кор ҳамин тавр рафтан гирад, ӯ на ранги мошин ва ё маблағи онро мебинаду на аз Беҳзоди “мониқалам” пайсае гирифта метавонад. Маҷбур шуд ба сохторҳои “танобкаш” муроҷиат намояд.

Инак, Беҳзод дар курсии сиёҳи суд нишастааст. Тарозуи адолат бо назардошти он найрангҳое, ки қаблан Беҳзоди Хайриддин  роҳандозӣ карда буд ва он макру фиреб ва чашмбандиҳое,ки вай барои соҳиб шудан ба маблағи дигарон  истифода мебурд, ӯро ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Яъне, дигар ин Беҳзоди қаламшикаста наметавонад ба болои тақдири молу мулки мардуми дигар қаламронӣ кунад. Агар ҳамноми машҳураш ҳоло зинда мебуд, шояд барои чунин қаламкашиҳои каҷаш  садҳо лаънат мефиристод.

А.ИСКАНДАРЗОД,

судяи н.Сино

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *