Швейтсария пулҳои Гулнора Каримоваро бармегардонад

Бино ба иттилои рассонаҳо Швейтсария тасмим дорад, 800 миллион франки швейтсарии мутааллиқ ба Гулнора Каримоваро ба Ӯзбекистон баргардонад.

Додситонии Швейтсария 22 май қарор кард, ки аз 800 миллион франки ҳабсшуда 686.7 миллионаш ба Тошканди расмӣ баргардонида шавад.

Додситонӣ гуфтааст, ки маблағҳо ба «шавҳари пешин ва дӯсти наздик»-и Гулнора Каримова тааллуқ доранд.

Ба эҳтимоли зиёд, ин маблағҳо ба Рустам Мадумаров — шавҳари пешини Гулнора — ва ёвари вай Гаянэ Авакян рабт доранд. Дар ҳоли ҳозир ин ду нафар дар Ӯзбекистон мутаносибан 14 ва 13 сол зиндонӣ шудаанд.

Додситонии Швейтсария мегӯяд, Мадумаров ва Авакян ризоият додаанд, ки маблағҳо аз онҳо мусодира ва ба ҷониби Ӯзбекистон таслим карда шаванд.

Додситонӣ дар такя ба розигии Мадумаров ва Авакян дархост кард, 866.7 миллион франк (700 миллион доллари ИМА), ки дар бонкҳои Женева ва Сюрих дар ҳабс аст, фавран ба Ӯзбекистон баргардонида шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *