Хоҳарам номзадамро дуздид

Салом кормандони ҳафтаномаи “Оила”. Мехоҳам дар бораи ҳаёти худ ба шумо қисса кунам. Маро бо Фирӯз ном ҷавоне, ки дар Русия кору зиндагӣ мекард, номзад намуданд. Тариқи сомонаи “Одноклассники” суҳбат карда, оҳиста-оҳиста ба ҳамдигар меҳр бастем. Ҷавон ба ман ваъдаҳои осмонӣ медоду мани сода ба қавлу қасамҳои ӯ бовар карда, хаёлан қасри бахт месохтам. Ҳамин тариқ аз байн қариб шаш моҳ сипарӣ гашт. Рӯзе телефонам тасодуфан ба об афтид ва ман аз телефони хоҳарам ба ӯ занг зада, гуфтам, ки як муддате наметавонам бо ӯ дар тамос шавам. Фирӯз ваъда дод, ки ба ман телефони нав харида мефиристад, вале аз байн чанд вақт гузашту на аз телефони ваъдагӣ дарак шуд ва на аз худи номзадам. Ба ташвиш афтидам, ки мабодо бо ӯ ягон ҳодисаи нохуш рӯй надода бошад. Аз хоҳарам хоҳиш намудам, ки телефонашро диҳад, то ки ман ба Фирӯз занг занам. Як дақиқа сабр кун гӯён, хоҳарам аввал паёмакҳои телефонашро тоза карду баъд онро ба ман дод. Ин рафтораш маро ба ҳайрат оварда бошад ҳам, чизе напурсида ба Фирӯз занг задам. Ҳангоми суҳбат эҳсос намудам, ки Фирӯз чандон майли бо ман чақ-чақ кардан надорад. Хайрухуш карда аз сомона баромадам. Пас аз ин бо телефони хоҳарам чанд бори дигар тариқи вайбер бо Фирӯз гап зада бошем ҳам, аз навиштаҳояш эҳсос мекардам, ки дигар аз он меҳру  муҳаббати пешинааш осоре намондааст. Сабаби сард муносибат карданашро пурсон шавам, серкор буданашро баҳона мекард, вале оқибат ҳамааш рӯйи об баромад. Як рӯз хоҳарам телефонашро монда ба хонаи дугонааш рафт. Саргарми чойнӯшӣ будам, ки ба телефонаш паёмак омад. Ҳисси кунҷковиам боло гирифту чашм ба экран дӯхтам. Рақамҳои Фирӯзро дида, гумон кардам, ки ба ман смс навиштааст ва осемасар онро кушодам. СМС-ро хондаму ҳуш аз сарам парид. Номзади ман ба хоҳарам паёмаки ошиқона навишта буд. Сир бой надода аз номи хоҳарам ҷавоб навиштам. Ҳамин тариқ мо қариб ним соат паёмакбозӣ кардем ва ман фаҳмидам, ки Фирӯз кайҳо боз тариқи телефон бо хоҳарам суҳбатҳои ошиқона мекардааст. “Ман дилу нияти бо Руқия хонадор шудан надорам, вале намедонам чӣ тавр инро ба апаат фаҳмонам” навишт Фирӯз. Дигар тоқат кардан натавониста дар ҷавоб навиштам, ки ман Руқия ҳастам ва ҳамаашро фаҳмидаму дигар ҳоҷати гап задан нест. “Ин тавр бошад, ба ту бахти сафед мехоҳам!” навишт Фирӯз ва телефонашро хомӯш кард. Ман ба тақдир тан дода интизор будам, ки Фирӯз бо хоҳарам хонадор мешавад, вале баъди чанде худ аз худ муносибатҳояшон вайрон шуд. Хоҳарам ба як ҷавони дигар ба шавҳар баромада ба Русия рафт. Аз байн чанд сол гузашта бошад ҳам, Фирӯз маро ба ҳоли худам нагузошта, то ҳол занг мезанад. Вай ҳама айбу гуноҳро ба гардани хоҳарам партофта, зорию тавалло карда истодааст, ки ба ӯ ба шавҳар бароям. Мегӯяд, ки агар ба Русия омадан нахоҳӣ, дар ватани худамон зиндагӣ мекунем. Дар Душанбе бароят хона харида медиҳам, баъди тӯй ту дар ҳамон ҷо зиндагӣ кардан мегирӣ, ман бошам ҳар сол як бор ба наздат меоям мегӯяд. Намедонам ба гапаш бовар кунам ё не, чунки вай аллакай як маротиба маро фиреб дода, диламро аз зиндагӣ хунук карда буд. Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Риштаи тақдирамро бо Фирӯз пайвандам ё не? Бо эҳтиром: Руқия

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *