Рӯзноманигорони ҷавон чӣ омӯхтанд?

Бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъияти “Журналист” ва дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе семинари дурӯза барои рӯзноманигорони ҷавон баргузор гардид. Семинар аз ҷумлаи чорабиниҳое буд, ки дар доираи “Давраи омӯзишӣ барои рӯзноманигорони ҷавон” аз тамоми расонаҳои  кишвар роҳандозӣ шудааст.

Дар семинар Қироншоҳ Шарифзода, раиси Ташкилоти ҷамъияти “Журналист” ва коршиносон Сӯҳроби Зиё ва Исфандиёри Назар вобаста ба нозукиҳои жанрҳои рӯзноманигорӣ дар матбуоти даврӣ, радиову телевизион ва сомонаҳои интернетӣ машғулият  гузарониданд.

Қироншоҳ Шарифзода оид ба заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон, вазъи кунунии расонаҳои чопӣ ва дар маҷмуъ ВАО — и ҷумҳурӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки айни ҳол дар фазои иттилоотии ҶТ 376 рӯзнома, 319 маҷалла, 11 агентиҳои иттилоотӣ   фаъолият мекунанд.

Ба саволи он ки агар рӯзноманигор сирри махфии як корхона ё муасисаи давлатиро аз сухани корманди он мақом ба табъ расонад, оё ҷавобгар мешавад? Номбурда қайд намуд дар сурате, ки он маълумоти сиррӣ аз забони корманди давлатӣ нақл шудааст, дар ин маврид рӯзноманигор рисолати худро иҷро кардааст ва гунаҳкор дониста намешавад.

Дар семинари мазкур намояндагони нашрияву ташкилотҳои радиою телевизионии “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Тоҷикистон”, “ТВ Қурғонтеппа”, радиои “Паёми Шаҳринав”, “Садои Осиё” ва дигарҳо ширкат доштанд.

Лозим ба ёдоварист, ки чунин давраи омӯзишӣ барои рӯзноманигорони ҷавони вилоятҳои Суғду Хатлон низ гузаронида шуда буд.

 

Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *