Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мунаввараро куштанд ё худкушӣ кард? (видео)

Ҳодисае, ки Панҷакентро ба ларза овард, вале гунаҳгорон дар озодианд

Мунаввара дигар озор намеёбад, гиря намекунад, дашном намешунавад, касе ба сараш мушт намебардорад, ҷанҷолу арбадааш намекунад, ӯ абадан ба хоби ноз рафт, ба зери хоки сиёҳу хунук, орзуҳояшро низ бо худ бурд… Модару падар, бародару хоҳар меноланду месӯзанд…

Хабаре, ки моро ба Рашна бурд

Рӯзи 29 май дар Панҷакент ҷасади беҷони Мунаввараи нокомро ба хок супурданд. Ҷисми хунукгаштаи Мунаввараро рӯзи 28 май бародараш Саидаҳмад Бобоев дар манзили шавҳараш Абдураҳмон Зармастов аз банди дор берун овард. Аҳли оилаи Зармастовҳо пойфишорӣ доранд, ки Мунаввара ба далели барояшон номаълуме худкушӣ кардааст. Вале аҳли хонаводаи Мунаввара мегӯянд, ки ӯ дар хонаи шавҳар таҳти шиканҷаи пайваста қарор дошт ва ӯро зада-зада куштаанд ва сипас барои пӯшондани изи ин ҷиноят ҷасадашро дар даруни хонааш ба дор овехтаанд…

Барои фаҳмидани ҳақиқат мо — кормандони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» роҳ сӯйи деҳаи Рашнаи болоро гирифтем.

Ҳамаи сокинони деҳаи Рашнаи боло аз суханҳои шунидаву дидаашон бар он назаранд, ки Мунаввараро 5 нафар — шавҳараш Абдураҳмон, хусураш Халил, хушдоманаш Ойша, хеши шавҳараш Алӣ ва Мулло Аҳмад бо нақшаи тарҳрезишуда, кушта ба дор овехтанд…

Ҳамчунин, аҳли деҳа мегӯянд, ки моҳи августи соли 2019 Истадқул Зармастови 67- сола низ дар пайи як муноқиша аз ҷониби ин нафарон кушта шуд, вале тафтишот он парвандаро қатъ кард ва касе ба ҷавобгарӣ кашида нашуд…

Илова бар ин мардуми Рашнаи боло ба ҳамаи ин дасисаҳо Мулло Аҳмадро гунаҳгор медонанд…

Занги охири Мунаввара

…Саҳари рӯзи 28 май ҳамсояи Мунаввара ба модари ӯ занг зада, шиква кардааст, ки духтарат аз болои замини ман гову моли худро гузаронида, зироатамро зери по кард. Холаи Муаттар ба Мунаввара занг зада, мепурсад, ки чаро ин корро кард? Мунаввара дар ҷавоб мегӯяд, ки хушдоманам маҷбурам кард, ки аз болои замини холаи Хумор говро гузаронам, ман не гуфтам, ӯ бошад гузарон гуфтам, гузарон гуфта, маҷбурам кард…

«Аз ҳамаи он рӯзҳои сахте, ки духтарам паси сар кард, бохабар будам, занг мезад, ки оча, маро зада беҳуш карданд. Гуфтам, ки хез ба хона биё, лекин гапамро нагирифт. Хушдоманаш ҳар рӯз Мунаввараро таъна зада мегуфтааст, ки ту безебӣ, ту харобӣ, ту барои чӣ таваллуд намекунӣ, ту ноуҳдабаро… Якуми май хона омада буд ва рӯзи нуҳум баргашта ба хонааш ба Рашнаи боло рафт…

Мунаввараро панҷ бор зада беҳуш кардаанд ва бори шашум зада кушта, ба дор овехтанд. Вақте ки мурдаи Мунаввараро шустам, як бари рӯяш хункаф ва захмӣ буд, миёнаш сиёҳ гашта, почаву дасташ сиёҳӣ дошт, даҳону биниаш хунолуд буд. Духтарам, духтари гапгардон набуд, оромтабиат буда, ҳамаи кори зиндагиро мекард. Ҷавонмарг шуд, духтари гулам, духтари нозпарвардаам…», — бо гиря мегӯяд модари ҷигарсӯхтаи Мунаввараи ғӯрамарг, холаи Муаттар.

Гаҳворабахш

Мунаввара Ғайбуллоева (с.т. 1 январи соли 1999), сокини деҳаи Рашнаи болоро 28 феврали соли 2019 ба ҳамдеҳааш Абдураҳмон Зармастов (с.т. 2000), ба шавҳар доданд. Тавре модари Мунаввара мегӯяд, онҳо аз кӯдакӣ гавҳорабахш буданд ва модари Абдураҳмон Мунаввараро аз хурдсолиаш дӯст медошт ва мехост, ки ӯро келин кунад, ин ҳам шуд, вале….

“Аз аввал Абдураҳмон намехостааст, ки Мунаввараро ба занӣ гирад ва ӯ хостори бо духтари тағоияш оиладоршавӣ доштааст. Лек падару модараш Мунаввараро маҷбуран ба ӯ гирифта додаанд, мо бошем, аз ин бехабар…”,-мегӯяд модар.

Онҳо маро мекушанд!

…Ҳамон рӯз соати 10:50 Мунаввара ба апааш Марям занг зада, бо гиряву нола аз зиндагии сахташ дар хонаи шавҳар шикоят мекунад. Сабти суҳбати телефонии 15 дақиқагӣ низ ба дасти мо расид, ки Мунаввара аз аввали суҳбат то ба охир беист гиря мекунад, мегӯяд, ки «онҳо маро мекушанд». Ин ҷумларо чанд бори дигар низ такрор мекунад.

“Сахт-сахт гирист… аз ин пеш ҳам қариб ҳар рӯз занг зада мегирист, ки ӯро бисёр озор медиҳанд. Мегуфт, ки шавҳарам маро дӯст намедорад ва ҳамеша бо духтари тағояш гап мезанад, агар қаҳраш аз коре барояд, алами дилашро омада аз ман мегирад», — гирякунон мегӯяд Марями мотамзада.

Гиря Марямро гулӯгир мекунад, вале ӯ худро ба даст гирифта, идома медиҳад: “Хушдоманаш низ ҳамроҳи Мунаввара муносибати хуб надошт, ӯро озор дода таъна мезад, маломат мекард ва бо вуҷуди ҳамаи он ки корҳои хонаро ба пуррагӣ ба итмом мерасонид, ҷангу ҷанҷолаш мекард”.

Рӯзи наҳс

Рӯзи 28 май дар оилаи Зармастовҳо аз субҳ нооромӣ буд. Яке аз амакҳои Мунаввара барои дарахт бо оилаи Зармастовҳо ҷангҷол дошт. Оила, қасосашонро аз келин мегирифтанд. Ҳамсояҳо мегӯянд, аз саҳар дар хона ҷанҷол буд.

Баъд дар хонаи Зармастовҳо чӣ шуд маълум нест, вале қарибиҳои соати дуи рӯзи 28 май падарарӯси Мунаввара Халил Саидаҳмад Бобоев — бародари Мунаввараро фарёд кардааст, ки зуд биёяд, ки келин  худро дар дохили ҳуҷра маҳкам кардаасту дарро намекушояд, метарсем, ягон балое нашавад…

Саидаҳмад мегӯяд:

“Хонаи ман аз хонаи Мунаввараи ғурамарг 100 метр дур аст ва соат 13:50 буд, ки Халил маро фарёд кард, вақте омадам, дари хона пӯшида буд ва ҳамаи онҳо дар берун буданд. Ойша шавҳарашро гуфт, ки дарро зада шиканад ва ӯ бо пояш якто зад, ки дари хона кушода шуд ва ҳама рост ба хонае, ки дар он ҷо Мунаввара овезон буд, рафтанд. Ҳангоми ба хона даромаданам, дидам, ки Халил Мунаввараро бардошта доштааст ва маро гуфт, ки ресмонро бур, ман ҳам ресмонро буридам, лек дар таги пойи Мунаввара ягон ашёе набуд, ки болои он баромада худро овехта бошад…”

Мамлакат Бобоева, апаи калонии Мунаввараи марҳум мегӯяд, ки ин куштор бо сардории Мулло Аҳмад шудааст.

«Вақте хабари марги Мунаввараро шунидам, омада дидам, ки як бари рӯяш зарб хӯрда, биниву даҳону дандонаш пури хун, лекин онҳо дидаву дониста шуста мондаанд. Ба мӯйи сараш даст кардам тар аст, дар гулӯяш қариб ки изи сиёҳӣ набуд. Ҳамаи ин ҳодиса бо сардории Мулло Аҳмад шудааст. Пеш аз оне, ки бародари манро даъват кунанд, мулло Аҳмад дар ҳамин ҷо буд ва ҳангоми ба шаҳр рафтанамон ӯ низ дар шаҳр буд. Мулло Аҳмад ба инҳо ҳамроҳ аст».

Саидаҳмад ва Мамлакат мегӯянд, ки хоҳарамонро дидаву дониста куштанд, чунки саҳнаи сохтаашон барало намоён буд. “Ҳатто аз пушти тиреза ҳамон рӯз касе фаромада буд, ки то ҳол изи пояш ҳаст. Дарро бошад, бо як чӯбча баста буданд… Чаро Халил пешакӣ дарро зада шикаста надаромаду моро интизор шуд, магар ин шубҳанок нест?”,-мегӯяд Саидаҳмад.

“Бар замми ин ҳатто ягон аъзои ин оила ба ҷанозаи Мунаввара нарафтанд ва ҳангоми бурдани ҷасад аз пуштамон таҳдид ба куштан карданд. Дар даст санг гирифта ба тарафи мо ҳамла карданӣ шуданд” – мегӯяд Мамлакат.

Чун мо ба хонаи Мунаввара рафтем, дари хонааш қулф буд ва дар он ҷо падарарӯсу хушдоманаш набуданд. Ҳамсояҳо мегӯянд, ки баъди ин ҳодиса зану шавҳар дар хонаи хешовандонашон пинҳон шуда, гаштаанд…

Ҳоҷиалиева Бибӣ, ҳамсояи Мунаввара лаб ба сухан кушода гуфт, ки Мунаввараро оилаи шавҳараш бисёр дашномҳои пасту баланд медоданд, падару модарашро низ дуои сахт мекарданд.

Истадқулро кӣ кушт? Барои мо аҷиб буд, ки сокинони деҳаи Рашнаи боло оилаи Зармастовҳоро қотили боз як нафари дигар –Зармастов Истадқул гунаҳкор мекунанд. Мулло Аҳмад кист?

Тафсилоти бештарро дар шумораи нави ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (№24, аз 17.06.2020) мутолиа намоед.

-->

Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Назира 18.06.2020 13:20

    Тавба кардам ин чандум ходиса дар Панчакент .Баъзе одамони бад аз табакаи вахшихои гузашта холо хам боки мондаанд

  2. Муслиҳиддин 18.06.2020 13:21

    Зулм хонаи золимра месузонад.
    Худованд аз зулм ва золим изҳори безорӣ карда. Имруз дар ҷомеаи мо анвоъи зулм бо теъдоди зийоди золимо ба чашм мехурад.
    Агар қобили ҳидоят ҳастанд, Худо ҳидоятшон кунад ва илло марг барошон беҳтар аз зиндагишон аст!

  3. Shuhrat 18.06.2020 13:22

    криминалистон ба кор сафар бар карда шаванд, акси холати кор ба зуди маълум мешавад. Худованд подоши хар гунохро бо чазояш мукофот хохад дод.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.