Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тақвими рӯз: Аз мавлуди Раҳматзода то парвози Кэтрин Салливэн ба фазои кайҳони кушод

Имрӯз, 11 октябр мавлуд доранд:

Усмон Раҳматзода (1906-1989), 115-солагии зодрӯзи арбоби давлатӣ.

Николай Савин (1911-1993), 110-солагии зодрӯзи агроном, Ќаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ.

Нуралӣ Ҳисайнов (1966), 55-солагии зодрӯзи олими соҳаи кишоварзӣ.

11 октябр таҷлил карда мешавад:

Рӯзи умумиҷаҳонии духтаракон.

.***

Рӯзи кашфи Гавая.

***

Дар Абхазия рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

Рӯйдод:

 11 октябри соли 1852 дар Австралия якумин донишгоҳ-Донишгоҳи Сидней ба кори худ оғоз намуд.

***

11 октябри соли 1891 дар Стокголм аввалин осорхонаи этнографии «Скансен» дар фазои кушод ифтитоҳ ёфт.

***

11 октябри соли 1737 бинобар  сабаби заминҷунбӣ дар Калкутта тақрибан 300 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

***

 11 октябри соли 1931 дар СССР оид ба пурра барҳам додани савдои хусусӣ қарор қабул карда шуд.

***

11 октябри соли 1984 нахустин бор зани амрикоӣ Кэтрин Салливэн  ба фазои кайҳони кушод парвоз анҷом дод.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.