Хона-интернати бемориҳои руҳӣ чӣ шароит дорад?

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо фаъолияти Муассисаи давлатии “Хона-интернати бемориҳои руҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов” шинос шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, имрӯзҳо барои бошандагони муассисаи мазкур тамоми шароит ва имконот фароҳам оварда шудааст.

— Зимни шиносоӣ Шодихон Ҷамшед ҳамзамон бо рафти омодагии муассиса барои муътадил гузаронидани фасли зимистон дидан намуд. Маълум гардид, ки роҳбарияти муассиса барои зимистонгузаронӣ омодагии хуб дидаанд ва дар анбори он хӯрока ва дигар маводҳои ғизоии лозима захира карда шудааст,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки инчунин, дар идома Шодихон Ҷамшед бо рафти корҳои ободонӣ ва таъмирии муассисаи мазкур низ шинос шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *