Хонандагони синфҳои аз 1 то 4 рӯзи шанбе дарс мехонанд
Хонандагони синфҳои аз 1 то 4 ва муассисаҳои томактабӣ рӯзи шанбе дарс мехонанд.
Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми феврали соли 2024, таҳти №71 “Дар бораи гузаронидани рӯзҳои истироҳат ба дигар рӯзҳои корӣ дар соли 2024” рӯзи истироҳат аз рӯзи шанбеи 4-уми май ба рӯзи 10-уми май гузаронида шудааст.
Аз ин рӯ, дар муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони аз синфи 1 то 4 новобаста аз шаклҳои моликият ва тобеияти идоравӣ машғулият ва дарсҳои рӯзи 10-уми май (ҷумъа) ба рӯзи шанбеи 4-уми май гузаронида шуда, рӯзи 10-уми майи соли 2024 истироҳатӣ мебошад
Барои хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дарсҳо тибқи реҷаи муқаррарӣ гузаронида мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ