Толеъномаи 1-уми феврали соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Агар бо кори савдо машғул бошед, барои он ки муносибататон бо ҳамкорони тиҷоратӣ вайрон нагардад, табъи нохуши худро нишон надиҳед. Оромиро нигоҳ дошта, бо корҳои муқаррарӣ машғул шавед, вагарна гирифтори нофаҳмӣ ва фишори руҳӣ гашта, дар натиҷа бемориҳои дил ва рӯдаву меъда хурӯҷ мекунанд.

Савр (21 апрел-20 май)

Аз он ки аксари мушкилиҳоятон худ ба худ рафъ мегарданд, сидқан қаноатманд мегардед. Дар давоми рӯз чанд ҳодисае рух медиҳанд, ки шуморо дар ҳоли ногувор мегузоранд. Нисбати ҳамсафари ҳаётӣ ё шахси дӯстдоштаатон хунукназарӣ намуда, сабабгори рух додани муноқиша мегардед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Бо сабаби мушкилиҳои дар хонаатон сарзада зуд-зуд асабӣ мешавед. Нофаҳмӣ бо атрофиён боиси муноқишаи ҷиддӣ мегардад, вале бояд сабрро пеша намуда, худро ба даст гиред. Барои он ки гирифтори асабхаробӣ нагардед, дар ҳавои тоза сайругашт намуда, қабл аз хоб оббозӣ кунед. Ба сафар баромаданро тавсия намедиҳем.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз табъатон болида аст, вале на ҳамаи нақшаҳоятон амалӣ мешаванд. Вохӯрии тақдирсозе имкон дорад, ки фаромӯшнашаванда мегардад. Ба нафаре ошиқ шуда, хеле хушбахт мегардед. Бо коре, ки дар он таҷриба надоред, машғул нашавед. Беҳтараш бо кори назарногир, вале фоидаовар машғул шавед.  

Асад (23 июл-22 август)

Наздиконатон пайваста аз шумо чизеро талаб мекунанд. Маҳз ҳамин чиз боиси асабоният ва ба ғазаб омаданатон мегардад. Нисбати нафароне, ки бо шумо меҳрубону самимиянд, муносибати хуб кунед. Саломатиятон имрӯз ташвиш намедиҳад. Ба нафароне, ки хуб намешиносед, дарди дил накунед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Имрӯз кореро бояд ба анҷом расонед, ки аз натиҷааш бисёр чизҳо вобастагӣ доранд. Бо нафари аз худатон калонсолу ботаҷриба баҳс накунед. Агар ба камбудиҳои пешомада диққат надиҳед, ба вазъияти душвор мубтало мегардед. Рӯз барои эҷод, сохтмон, бастани ақди никоҳ ва истироҳат дар оғӯши табиат бобарор аст.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Диққати худро ба корҳои оилавӣ ҷалб намоед. Эҳтимоли бо яке аз наздикон муноқиша карданатон вуҷуд дорад, аз ин рӯ, аз ҳадди эътидол берун набароед. Агар маблағи дар даст доштаи худро беҳуда сарф кунед, вазъи молиявиатон хеле душвор мегардад. Дар ҳама кор тартиботро риоя намуда, муваффақ мегардед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз хотирпарешону хаёлӣ мегардед. Аз ин рӯ, чизеро ба нақша гирифтану кори наверо оғоз карданро маслиҳат намедиҳем. Беҳтараш бо корҳои муқаррарӣ машғул шуда, аз пайи рафъи камбудиҳои хона шавед. Танҳо дар ҳамин сурат табъатон болида мегардад. Тамоми хабару маълумоти шунидаро тафтиш намоед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз табъатон тамоми рӯз тағйир меёбад. Ҳолати худро ба атрофиён нишон надиҳед, вагарна вазъият бадтар мешавад. Бадгумониятон боиси пайдо шудани мушкилӣ мегардад. Вазъият дар оилаатон чандон ором намешавад, аз ин лиҳоз, бо наздикон баҳс накунед. Аз робита бо нафарони бадкирдор дурӣ ҷӯед.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз аз наздикон ва умуман, аз зиндагӣ чӣ хостанатонро муайян созед. Дар ҳаёти шахсиятон низ бояд интихоби дуруст карда тавонед. Агар нафареро дӯст медошта бошед, муносибатҳои самимонаатонро нигоҳ доред. Барои он ки бемориҳои куҳна аз худ дарак надиҳанд, саломатии худро эҳтиёт кунед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз худро аз ҳад зиёд хаста нагардонед, вагарна бегоҳирӯзӣ вазъи саломатиятон нохуб мегардад. Қисми авали рӯз барои истироҳат дар оғӯши табиат созгор аст. Тамоми сафару саёҳатҳо бобарор анҷом меёбанд. Барои бастани ақди никоҳ ва ҷашну маъракаҳо рӯзи бобарор аст.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Агар нақшаи корҳоятонро тартиб диҳед, ба зудӣ ба мақсад мерасед. Ҳангоми робита бо нафарони ношинос андозаро нигоҳ доред. Баъзеҳо мақсади шуморо асабӣ сохтану ба ғазаб оварданро доранд. Вазъи саломатиятон хуб нест, аз ин рӯ, пешакӣ чора андешиданатон лозим аст. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи мусоид аст.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *