Толеъномаи 12-уми апрели соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Мушкилиҳои хурде, ки имрӯз ба саратон меоянд, ба таъхир нагузошта, фавран рафъ карданатон лозим аст. Ба нафаре, ки ҳамеша дар паҳлӯи шумост, имкон диҳед, ки шуморо эрка кунад ва шумо низ нози ӯро бардоред. Ситораҳо дар ин рӯз қарз гирифтану қарз доданро маслиҳат намедиҳанд.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз аксари мардҳоро лозим меояд, ки саховатмандиву садоқат ва муҳаббати худро ба дӯстдоштаи хеш собит намоянд. Шубҳаву гумонҳои бадро ба дил роҳ надода, аз шириниҳои зиндагӣ ҳарчи бештар лаззат бардоред. Либосеро, ки дар он худро роҳат эҳсос наменамоед, ба бар накунед.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Рӯзи пур аз ҳодисаҳои ногаҳонӣ аст. Имкони беҳтар сохтани вазъи молиявиро аз даст надиҳед. Ягон дилхушӣ наметавонад хотиратонро болида гардонад, аз ин рӯ, бо даст додани имконият хоб карда, асабатонро ором кунед. Хобе, ки дар ин шаб мебинед, ба касе нагӯед. Ба нафаре, ки изҳори муҳаббат мекунад, хубтар зеҳн монед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз атрофиёнро розӣ кунонида, ҳақ будани худро собит сохта метавонед. Хабареро мешунавед, ки боиси тағйиротҳои мусбӣ мегардад. Имрӯз хеле зудранҷ мешавед. Агар чизе табъи дилатон набошад, беҳуда зиқ нашавед, зеро беҳуда нагуфтаанд, ки поёни шаби сиёҳ сафед аст. Сабр меваи ширин дорад.

Асад (23 июл-22 август)

Шумо бояд тағйир ёфта, ҷиддият ва мустақилияти худро партоед. Қувваи худро ба самти даркорӣ равона намуда, аз натиҷаи кор қаноатманд мегардед. Дар ин рӯз дилатон аз нафаре монда, орзуҳои ширинатон ба боди фано мераванд. Асабонияту рӯҳафтодагӣ боиси нотоб гаштанатон мегардад.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Рӯзи бобарор аст. Қалб аз сари қароре омадан ҷиҳатҳои мусбиву манфиро дар тарозуи ақл баркашед. Бегоҳирӯзӣ бо вуҷуди пеш омадани монеаҳо, дар оилаатон муҳити гарму самимиро барқарор месозед. Фикру андешаҳои мағшушро аз худ дур созед, вагарна ба ғалат роҳ медиҳед. Бо касе шинос шуданро тавсия намедиҳем.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи хатарнок аст. Аз гуфтору рафтори беандеша худдорӣ намоед. Хабарҳои ногувор шуморо дар шигифт мегузоранд. Агар бо қатъият амал карда, кибру ғурурро як тараф гузоред, мушкилоти сарзадаро рафъ карда метавонед. Ба коре, ки ҳал шуданаш номумкин аст, беҳтараш даст назанед.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи бобарор аст. Ба меҳмонӣ рафтану меҳмон қабул карданатон хуб аст. Давоми рӯз танҳо бо корҳои ҳалталаби рӯзгор машғул шавед. Нерӯи манфиро аз худ дур созед. Шумо ба касе бадӣ карда наметавонед, беҳуда кӯшиш накунед. Бегоҳирӯзӣ хабари ногувор мешунавед, аммо онро оромона қабул кунед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Воқеаҳои имрӯз собит месозанд, ки хавотириву ба ташвиш омаданатон беҳуда набудааст. Зимни робита бо атрофиён ва дар масъалаҳои молиявӣ ба нобарориҳо рӯ ба рӯ мегардед. Бодиққат бошед, ба ғалатҳои ислоҳнашаванда роҳ надиҳед, вагарна ба худатон дарди сар харида метавонед. 

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Ба корҳои вазнин машғул нашавед, зеро дар ин рӯз аз ӯҳдаашон намебароед. Хариди ғайринақшавӣ имкон дорад. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан нағзакак андеша намоед. Ба меҳмонӣ рафтану қабули меҳмононро тавсия намедиҳем. Баъди нисфирӯзӣ худро нотоб ҳис мекунед, дар фикри саломатӣ бошед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз ба назди фолбин рафтану бо сеҳру ҷоду машғул шудан хуб нест, вагарна ба саратон балоҳои зиёде меоянд. Эҳтимоли аз даст додани маблағи пулӣ имкон дорад. Зимни робита бо атрофиён қаҳру ғазаби худро нигоҳ доред, зеро кор бо ҷангу муноқиша анҷом меёбад. Бодиққат ва дурандеш бошед.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи мусоидест барои рафъи дудилагӣ ва мағлуб сохтани душманон. Нафареро вомехӯред, ки дар зиндагӣ пушту паноҳатон мегардад. Аз ҷониби нафаре таърифу тавсифро шунида, қабл аз он ки бовар мекунед, аввал андеша намоед. Фориғболӣ нисбати чизҳои қиматбаҳо боиси аз даст додани онҳо мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *