Толеъномаи 13-уми майи соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар масъалаҳои молиявӣ корҳоятон чандон хуб набошанд ҳам, баъди баргардонидани қарзҳо вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Ба нозу нузи дӯстдоштаатон диққат надиҳед. Бо вуҷуди он ки сахт дӯст медоред, имкон надиҳед, ки ба болои саратон барояд. Барои сар кардани сохтмон рӯзи бобарор аст.  

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз шуморо лозим меояд, ки бо ҳамкорон якҷоя меҳнат кунед ва кунҷи танҳоӣ наҷӯед. Имкони дар мансаб боло рафтанатон вуҷуд дорад, аз ин рӯ, ба гуфтаҳои роҳбарият бодиққат бошед. Саврҳое, ки бо тиҷорати шахсӣ машғуланд, бояд ба шарикони корӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.  

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Дар ин рӯз бо нафарони даркорӣ шинос мешавед, ки бо шарофати эшон зиндагиатон тағйир меёбад. Вазъияти молиявиатон бобарор анҷом ёфта, каме маблағро барои рухсатӣ захира намоед. Дар ҳаёти шахсӣ фиреб хӯрданатон дар назар аст. Аз танқид нисбати дӯстдоштаатон худдорӣ намоед.  

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз барои ба даст овардани дастгирӣ ва меҳрубонии шахси наздикатон имкониятҳои зиёд пайдо мекунед. Бо вуҷуди бо ҳам муноқиша карданатон, аввалин шуда роҳҳои оштишавиро ҷӯед. Барои он ки аз бепулӣ азоб накашед, сарфакориро омӯзед. Бегоҳирӯзӣ аз хешовандон хабари ногаҳонӣ мешунавед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз табъатон болида ва аз вохӯрии нав як ҷаҳон таассурот мебардоред. Бо вуҷуди дар ҷойи кор банд буданатон, барои ҳаёти шахсӣ вақт меёбед. Нисбати саломатиатон бодиққат бошед. Дар сурати худро нотоб ҳис кардан, ба табиби ботаҷриба муроҷиат кунед. Барои сафар рӯзи бобарор аст.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз гуноҳи нафареро, ки чанд вақт боз ба рӯяш гуфтан мехостед, иброз намуда, хеле сабук мешавед. Аз ҳад зиёд ба дағалӣ роҳ надиҳед, вагарна атрофиён рафторатонро нодуруст қабул мекунанд. Мушкилии ногаҳонии дар оилаатон сарзадаро бо кӯмаки дӯстон рафъ намуда метавонед.  

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Барои саломатӣ рӯзи душвор аст. Ба хотири пайдо намудани ҷойи кори нав вақти дигарро интихоб намоед. Мизонҳои муҷаррад нафареро вомехӯранд, ки барояшон беҳтарини дунё мегардад. Ба эҳсосот дода нашавед, вагарна бо атрофиён муноқиша карда, вазъи саломатиятон нохуб мегардад.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Бад будани вазъи молиявиро аз касе мефаҳмед, ки ҳисобу китобро хеле хуб мефаҳмад. Агар дар муносибатҳои ошиқона макру фиребро эҳсос намоед, дӯстдоштаи худро санҷиданатон лозим меояд. Агар ба наздикӣ шинос шуда бошед, гузаштаи ӯро пурсуҷӯ намуда, вазъиятро таҳти назорат қарор диҳед.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рӯз ба коре, ки боиси бемор шудани сутунмӯҳраатон мегардад, даст назанед. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намуда, аз мушкилиҳо эмин мемонед. Ба нафароне, ки хуб намешиносед, қарз надиҳед. Барои беҳтар сохтани муносибат бо дӯстдоштаатон вақт ва сабру таҳаммул лозим аст.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз сергапӣ накарда, тамоми нақшаҳои кашидаатонро ба анҷом расонед. Барои саломатӣ рӯзи хатарнок аст. Эҳсосот ақлро тира сохта, боиси муноқиша ва бад шудани вазъи саломатиятон мегардад. Ба ҳеҷ ваҷҳ бо фолбинӣ ва сеҳру ҷоду машғул нашавед. Агар имкон дошта бошед, бештар дар соҳили дарё вақт гузаронед.  

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ин рӯз бештар истироҳат карда, бо кори зиёд худро хаставу абгор насозед. Пул чизи даркорист, вале саломатӣ аз он муҳимтар аст. Бо хешовандони худ дидорбинӣ накунед, бо мушкилоти рӯзгор саргаранг мешавед. Дар ин рӯз бо фолбинӣ ва сеҳру ҷоду машғул нашавед, вагарна ба саратон бадбахтӣ меояд.  

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз тамоми камбудиҳои дар корҳоятон сарзадаро рафъ намуда, баъдан оромонаву дилпур кор карда метавонед. Дар муносибат бо дӯстдоштаатон каме дилсардӣ дида мешавад. Барои беҳтар сохтани вазъият кӯшиши зиёд ба харҷ доданатон лозим меояд. Саломатии худро дар ин рӯз эҳтиёт кунед.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *