Толеъномаи 13-уми январи соли 2021

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Шумо зиндагии худро бе орзуву омолҳои ошиқона тасаввур намекунед, вале имрӯз бояд ҳақиқатбин бошед. Шиносоии нав ва ишқбозиро дар маконе ки кор мекунед, тавсия намедиҳем. Аз баҳри хафагиву гуноҳҳои баъзеҳо гузашт намоед ва кинаро аз дил дур кунед. Хеши дуратон ба меҳмонӣ омада, туҳфаи пурқиммат меорад.

Савр (21 апрел-20 май)

Дар ин рӯз зери таъсири нафаре мемонед, ки сабабгори ба фиребу найранг печиданатон мегардад. Фаромӯш насозед, ки камтарин ғалат дар масъалаи молиявӣ боиси муфлис гаштанатон мегардад. Барои аз бемориҳои музмин раҳоӣ ёфтан, либосро мувофиқи вазъи ҳаво ба бар намоед, на бо хоҳиши худ.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Муносибататон бо наздикон ё яке аз ҳамкорон вайрон гашта, барои ба худ омаданатон сабру таҳаммули зиёд лозим мешавад. Агар ором шуда, ба ҳодисаи рухдода ба таври дигар нигаред, дар рафтори худ камбудиҳои зиёдеро пайдо мекунед. Барои он ки рӯзатон бобарор анҷом ёбад, аз танқид худдорӣ намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ба шитобкорӣ роҳ додану ба касе чизеро исбот кардан намехоҳед. Ҳатто баъзе корҳоятонро ба таъхир мегузоред. Беҳтараш рӯзро барои худ ва наздиконатон бахшед. Оғози кори нав бар зарари шумо буда метавонад. Дар ҷодаи муҳаббат ва ҳангоми бо нафаре шинос шудан ба садои қалби худ гӯш диҳед.  

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз пулро эҳтиёткорона сарф кунед. Беҳтараш хариди калон накунед, вагарна рӯзи дигар аз чизҳои харидаатон пушаймон мешавед. Дар робита бо атрофиён гузашт карданро омӯзед. Вақти бештари худро дар ҳавои кушод гузаронед. Барои он ки ба зудӣ шамол кашида, табатон баланд нашавад, саломатиро мустаҳкам созед.  

Сунбула (23 август-23 сентябр)

Агар дар ин рӯз худро аз ҳамкорон як сару гардан боло гиред, муносибатҳоятонро вайрон мекунед. Мақоми пештараатонро аз даст додан нахоҳед, ман-манӣ накунед. Имрӯз ба нафаре ниёз доред, ки дар чунин лаҳзаҳои душвор шуморо дастгирӣ намояд. Саломатӣ ва табъи хуш аз ҳолати рӯҳиятон вобастагӣ дорад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз хатари хурӯҷ намудани бемориҳои музмин, хусусан, иллати пешобдон ва гурдаҳо эҳтимол дорад. Атрофиён дамдузду бадқаҳр мешаванд. Дар хонаву ҷойи кор нисбати шумо талабот сахт мегардад. Меҳру муҳаббат нисбати шахси бароятон азиз дар ин рӯзҳои сарди зимистон бештар мегардад.  

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Пешниҳодҳои дар ин рӯз пайдошуда ба вазъи молиявиатон таъсири зиёд мерасонанд. Рӯзи бобарор аст. Ба нафароне, ки аз шумо кӯмак мепурсанд, ба қадри имкон дасти мадад дароз кунед. Нисфирӯзӣ кунҷи танҳоӣ ҷӯстану қаҳр карданатон хуб нест. Чеҳраатонро кушода гиред, мурғи бахтатон наздик аст.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар нияти ба мағоза рафтанро дошта бошед, хариди калон мекунеду кисаатон холӣ мемонад. Умуман, дар ин рӯз маблағи зиёд сарф мекунед, хатари аз даст додани пул зиёд аст. Аз пайи ба даст овардани пул давиданро низ тавсия намедиҳем. Беҳтараш ба ибодат машғул шавед. Кори ҷисмонӣ ба саломатиятон беасар намемонад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз барои харидкунӣ ба мағозаву бозор рафтанро тавсия намедиҳем, ҳатто агар вазъи молиявиатон хуб бошад ҳам. Парҳезро риоя намуда, аз хӯрокҳои шӯр ва равғанин худдорӣ намоед. Барои рафъ намудани мушкилиҳое, ки байни шумову дӯстдоштаатон пайдо шудааст, муваққатан робитаатонро бо ӯ қатъ намоед.

Далв (21 январ-18 феврал)

Дар ҳама кор боэҳтиёт бошед. Бо мошини шахсии худ ба сафари берун аз шаҳр баромаданро тавсия намедиҳем, рух додани вазъиятҳои садамавӣ ва ба қонунвайронкунӣ роҳ додану ҷарима супоридан имкон дорад. Дарди дилро танҳо дар ҳузури шахсе кунед, ки ба шумо сидқан боварӣ дорад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Рӯзи хуб аст, хусусан, барои табобат ва беҳ сохтани вазъи саломатӣ. Агар тарзи табобати пешгирифтаатон самарае набахшад, усули дигари табобатро пайгирӣ намоед. Чанд мушкили рӯзгор пеш меояд, ки бояд ҳатман аз пайи рафъ карданаш шавед. Барои он ки азоби бепулӣ накашед, захира карданро ёд гиред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *