Давлатов

Хотирбинӣ, худкушӣ ва командасозӣ. Идомаи мусоҳиба бо Саидмурод Давлатов (видео)

Идомаи мусоҳиба бо Саидмурод Давлатов, устоди бизнес ва муассиси мактаби “Оксфорд” дар Тоҷикистон

Тақдири ҳар кас дар дасти худаш

— Мегуфтед, ки муваффақияти як инсон аз чӣ вобаста аст?

— Якум, устод. Бе устод пеш намеравед. Масалан, ман дар ибтидо ҳар иштибоҳе кардам, маслиҳатгар надоштам. Яъне, пире набуд, то роҳ нишон диҳаду вақтро сарфа карда ва аз пайи мақсадҳо равам. Дуюм, командаи боқувват. Дар мисоли худ метавонам гуфт, ки оҳиста-оҳиста ҳамаи инро ёд гирифтаму сохтам. Бароям дарси ҳаёт ҳам шуд.

Умуман, ҳар як инсон роҳи худро меҷӯяд. Баъзеҳо даҳ қадам мегузоранд, шояд муваффақ шаванд. Барои бархеи дигар дарҳои муваффақият боз асту пуштибон ё роҳнамо доранд. Ин гуна инсонҳо зуд ба мақсад мерасанд. Аммо гурӯҳи дигар ҳазор қадам ҳам гузоранд, пеш намераванд, зеро мақсади гузошта ҳадафрас нест ва стратегия надоранд. Бинобар ин, тақдир ва роҳи ҳар инсон дар дасти худаш аст. Ҳеҷ гоҳ набояд худро ба дигарон муқоиса кард. Ҳар кас ба роҳи худ то охир бояд равад. Ягон варзишгар худ чемпион намешавад-ку! Ҳар як қаҳрамон ба худ “наставник” дорад. Агар ба таърих ҳам назар кунед, хоҳ дар сиёсат бошад ё дин, соҳибкориву ихтироъкорӣ ё дигар бахш, ҳар касе устоду роҳнамое дорад, муваффақ гардидааст. Агар чунин нест, инсон хом мемонад.

— Пас, пири шумо кӣ буд?

— Модарам ва натиҷаи иштирок дар тренингу суҳбат бо устодони мактаби бизнес.

Илм — кафили оянда

— Одаме ҳаст, ки донишу ақл, фаросат дорад, аммо сарватманд нест. Чаро?

— Чунки характераш ба илм дуруст намегирад. Шахсият дигар асту илм дигар. Пул нишонаи нархи илми шумост. Агар донед, ки 10 000 сомонӣ кор карда метавонед, ягон вақт барои 2 ҳазор сомонӣ заҳмат намекашед, зеро потенсиал ва нархи худро медонед. Даромади одам нишонаи ақлу илми ӯ аст.

— Пас, чӣ бояд кард, ки як инсон зиндагии шоиста дошта бошаду умраш барабас нагузарад?

— Боз ҳам мегӯям, ки устод ёбад. Духтури беҳтарин шудан хоҳад, пас дар назди духтури беҳтарин таҷриба омӯзад. Муаллими беҳтарин шудан хоҳад, пас дар назди муаллими беҳтарин донишу таҷриба гирад. Агар гӯяд, ки ҳама чиро медонам ва худсарона кор кунад, сифати зиндагиаш пасту бетағйир боқӣ хоҳад монд.

— Агар шароити молиявӣ надошта бошад чӣ?

— Ман ҳам шароити молиявӣ надоштам. Қарздор будам. Ин аз фаҳмишу ҳаракат вобастагӣ дорад. Имрӯз китоб, ютуб ва дигар воситаҳои аз худ кардани донишу муваффақ шудани инсон мавҷуд аст. Инсоне, ки дар дил орзуи пеш рафтанро мепарварад, аз ҳаминҳо ақаллан бояд оғоз кунад. Дар як рӯз наметавон сифати умрро дигар кард. Аммо як фикре аз китоб ё дарсҳои ютуб пайдо мешавад, ки ояндаро дигар мекунад. Бинобар ин, муваффақияти ман ҳам маҳсули тренингҳову китобҳо аст. Аз соли 1995 ба дарсҳо мерафтам. Пулеро, ки ба даст меовардам, аввал ба гирифтани дониш сарф кардам. Як солу се моҳ дар Москва кор кардам. Вақте ки ба деҳа, ба хона омадам, дар ҷайбам 50 доллар набуд. Модарам гӯсфанди дар оғил бастаро шабошаб ба як хешамон фурӯхтанд, саҳар ба мардум чою нон карда доданд. Ба он хотир, ки мардум нагӯянд, ки фарзандаш аз Русия холӣ омадааст. Солҳои пеш анъанае роиҷ буд, вақте ки аз Русия меомадед, гӯё ба аскарӣ рафта бошед, ҳама ба хона меомаданд. Як ҳафта фақат меҳмондорӣ буд.

Модарам пас аз гусели меҳмонон аз ман пурсиданд, ки бачам, пул наовардӣ? Гуфтам, не. Пурсиданд, ки чӣ кор кардӣ пулатро? Гуфтам, ки модарҷон, хондам. Боз пурсиданд, кӣ мешавӣ? Духтур мешавӣ? Гуфтам, не. Ман хондам, ки шахсиятамро созам. Ҳангоми дар Москва будан ҳам, бародарам занг зада гуфта буд, ки пул фирист. Ҳама мефиристанд, аммо ту намефиристӣ. Гуфтам, ки пул надорам. Дар ҳайрат монд ва пурсид, ки чӣ хел пул надорӣ, ҳама фиристода истодаанд-ку! Магар ту бекорӣ, биё, ҳаминҷо дар замини назди хона кор кун. Гуфтам, ки ман хонда истодаам, тренинг меравам. Инро шунида, боз дар шигифт монд. Ба забони оддӣ фаҳмондам, ки як зали калон ҳаст, ҳама он ҷо ҷамъ меоянд, нафари дигар дар назди онҳо гап мезанад. Гуфтанд, ки мисли Кашпировский? Баъд, хандидаму бале гуфтам.

Умуман, ду чиз барои ояндаи одам кафолат медиҳад. Якум, илм. Илм нардбонест, ки шуморо ба боло мебарорад. Дар ҷамъият ҳам ҳақиқатро месозад. Сарфи назар аз он ки шумо писари кӣ ҳастед ва аз куҷо ҳастед, пояи илмро мустаҳкам доред, муваффақ мешавед. Дуюм, амал. Хатоӣ мешавад, аммо руҳафтода нашавед. Боз таъкид мекунам, ки сарнавишти ҳар инсон дар дасти худи ӯст. Охир, баъзан ба мардум ҳайронам. Барои хариди телефон ё ба ресторан рафтан пул меёбанд. Аммо агар гӯед, ки 1 китоб харида хон, мегӯянд, ки пул надорам. Ҳатто барои як соат вақт ёфта, дар ютуб дарс гӯш кардан ҳам вақт намеёбанд. Аҷиб, ҳар рӯз ба юмору чизҳои барояшон нолозим, ки ягон хел ҳаёташонро дигар намекунанд, фурсат меёбанд.

Роҳат мехоҳед ё машаққат?

— Дар шарҳҳои шабакаҳои иҷтимоӣ бисёриҳо мепурсанд, ки чаро шумо сармояатонро ба Тоҷикистон овардед? Чӣ шуморо ба ин дилгарм мекунад?

— Ба ояндаи худу фарзандони худ ва давлати худ бовар дорам. Бинобар ин, ҳоло талош мекунам, ки сармояи худро ба Тоҷикистон орам. Ин миллат бароям аз ҳама чӣ қимматтар аст.

— Оё ҳаёте, ки барои худ мехостед, сохта тавонистед?

— Бале, ҳар кас бояд ҳаёти худро беҳтар сохта тавонад. Барои расидан ба орзуву мақсад ҳаракат кунед. Нуқтаи нигоҳро ҳам бояд дигар кунем. Ба як кас Худованд бештар ва ба дигаре камтар додааст мегӯянд, ки ин фикр хато аст. Худованд ба ҳама медиҳад. Худованд дилсӯз аст. Агар сахт меҳнату ҳаракат кунед, пеши роҳатонро мекушояду баракатро даҳчанд мегардонад. Аммо ба шарте, ки меҳнати ҳалол кунед. Чанд сол умр мебинед, аз тақдир вобаста аст, вале сифати умр аз худи инсон вобаста аст. Ҳаёти одам ба мисли саёҳат аст. Агар ба Москва рафтан мехоҳед, хоҳиши шумост, ки тавассути самолёт меравед ё бо қатора, мошин ё пиёда. Яъне, роҳат мехоҳед ё машаққат, интихоби шумост.

6 усули тарбияи фарзанд

— Биёед, дар бораи тарбияи фарзанд ва шеваҳои муассири он ҳарф занем, зеро дар ин бора китоб ҳам навиштаед. Шумо  фарзанд доред, аз рӯи кадом меъёр онҳоро таълиму тарбия медиҳед?

Аввал, ман ба фарзандонам мегӯям, ки мактабро аъло хонанд, чунки ин нишонаи меҳнати ӯ аст. Ҳоло ҳам дар ҷамъияти мо як фикри хом боқӣ мондааст: ин қадар хондагиҳо чӣ шуданд, хондан шарт нест, Бил Гейтс, Стив Ҷобс нахонданд ва ғайра. Ин ақидаҳои нодурусту хоманд. Аз ин лиҳоз, асоси рушди ҷамъият ва тамоми соҳаҳо аз мактаб сарчашма мегирад.

Дуюм, ман фарзандонамро дар мавридҳои зарурӣ бо худ ба вохӯриҳо мебарам. Вақте ки ҳамроҳи худ гирифта гаштам, фаҳмишашон комилан дигар шуд. Ҳатто вақте ки ба назди як мансабдори баландмақом рафтам, маро фарзандам ҳамроҳӣ кард. Вақте ки мо хурд будем, мегуфтанд: “Бачаи майда назди меҳмонҳо наояд, дуртар шинад…”. Ба фикрам ҳоло ҳам чунин аст. Ин хомигарӣ аст.

Сеюм, ман ҳар вақт ба фарзандон вазифа мемонам ва мегӯям, ки ҳаллашро ёбед. Намегӯям, ки чӣ бояд кард.

Чорум, ба онҳо мегӯям, ки орзуҳоятонро рӯйи коғаз нависед ва худ ҳисобашро ёбеду аз рӯйи он нақшаро пешниҳод кунед. Ин фикрронии эҷодӣ аст, ки фарзандро кушода мекунад. Яъне, инсон фаҳмад, ки ягон масъала ҳалношуда боқӣ намемонад.

Панҷум, муошират. Дар ҳаёти инсон ҳама чиз тавассути одамон пайдо мешавад. Дар танҳоӣ ҳеҷ касед. Ягон инсон худаш барои худаш ном гузоштаву қабр накандааст. Бинобар ин, ба фарзандонам даруни ҷамъият гаштану бо мардум ва команда кор карданро ёд медиҳам.

Шашум, интелекти молиявӣ. Онҳо бояд роҳҳои пул кор кардану идора кардани онро омӯзанд. Намехоҳам, ки баъди сари ман тамоми меҳнатҳоямро барбод диҳанд. Ин мумкин нест. Одам набояд тайёрхӯр шавад. Пулро ба дасти одами нотавонбин ҳам диҳед, нест мекунад. Бинобар ин, мехоҳам, ки оянда фарзандон кори маро давом диҳанд.

— Фарзандони шумо то ҳол мехонанд ё аллакай шуғле ҳам доранд? Вақте ки ба сафар мебароед, чӣ гуна рафти хониши онҳоро назорат мекунед?

— Онҳо мехонанд. Як фарзандам дар мактаби “Оксфорд”-и шаҳри Хуҷанд таълим гирифта истодаст. Вақте ки омадам, ҳар як муаллимашро пурсидам. Бар замми ин, журнали электрониашро ҳамеша аз назар мегузаронам. Нигоҳ кардам, ки баҳоҳояш маъқул нест. Бо муаллимонаш суҳбат кардам. Баъд, худашро даъват карда, суҳбат доштам. Гуфт, ки барояш як телефони нағз харида диҳам. Пурсидам, ки телефон барои чӣ лозим аст? Гуфт, ки ҳамсинфонаш телефонҳои қиммат доранд, ӯ бошад, шарм мекунад. Хуб гуфтаму телефонро оварда ба дасти директор супоридам. Ба директор гуфтам, ки агар писари ман то охири сол аз тамоми фан баҳои аъло гирад, телефонро ба ӯ диҳед, вале агар натавонад, телефонро ба ҳамон бачае диҳед, ки аълохон аст. Вақте ки дар пеши чашмаш як чизро бой диҳад, баъд даркаш зиёдтар мешавад. Рости гап, аз ҳамон рӯз ба хондан даромад. Муаллимонаш мегӯянд, ки ӯ комилан дигар шуд.

Бинобар ин, вақте ки ҳар чӣ муфт ба даст меояд, беқадр асту зуд барбод хоҳад рафт. Дар зиндагӣ онҳоеро дидем, ки падарашон доро буданд, баъди марг фарзандон сармояро саришта карда натавонистанд. Тез бо панҷшоха ба бод доданд. Чунки онҳо аз меҳнати дигарон калон шудаву заҳматро надидаанд. Ба фарзанд ҳеҷ гоҳ ҳама чиро муфт додан мумкин нест. Дар ҳар авлод як кас муваффақ аст. Баъзан, ба хешу табор пул диҳед, одат мекунанд. Дигар кор ҳам намекунанд, дасти шуморо нигоҳ карда меистанд. Ман инро ёрдам не, балки садақа мегӯям. Шумо баръакс, ёд диҳед, ки худ пул кор карданро омӯзанд. Бо пул тақдири пайвандонатон ва сифати зиндагиро дигар карда наметавонед. Майнаи сари ӯро шумо баръакс, бемор мекунед, аз фикр кардан мемонад ва намедонад, ки чӣ гуна зиндагиро созад.

5 омили тими муваффақ

— Шумо ҳамеша дар боби муваффақияти ширкатҳои худ ва зердастон ҳарф мезанед. Аз сохтани тими муваффақ то нигоҳ доштани мутахассис чӣ бояд кард?

— Панҷ омиле ҳаст, ки мутахассис дар корхона намемонад.

Якум, мутахассис мебинад, ки лидер суст аст ва умраш беҳуда мегузарад.

Дуюм, мебинад, ки дар корхона низоми корӣ нест. Дар натиҷа тамоми сарборӣ ба сари мутахассис меафтад: ҳолати равонӣ, маънавӣ, ҷисмонӣ… Роҳбар ҳам супоришҳоро ба мутахассис медиҳад. Зеро медонад, ки мутахассис дилпур асту корро босифат анҷом медиҳад.

Сеюм, командаи заиф. Мутахассис мебинад, ки команда заиф аст ва имкони пеш рафтанро намебинад. Ҳамон донишу таҷрибае, ки дар ҳаёт гирифта буд, бо ҳамон боқӣ мемонад.

Чорум, мебинад, ки маблағи ширкат дар гардиш хеле паст аст. Қувваи зиёд сарф мекунад, аммо даромади кам ба даст меорад.

Панҷум, стратегия ва дурнаморо намебинад.

Бинобар ин, агар хоҳем, ки корхонаи боқувват созем, бояд шароите муҳайё кард, то мутахассис худаш биёяд. Ҳоло аз ҳама бозори серрақобат ва серталабот бозори мутахассис аст. Ба кадри боқувват дар ҳама ҷо талабот ҳаст.

— Шумо дар ширкатҳои худ чӣ гуна кадрро интихоб мекунед?

— Ман кадре интихоб мекунам, ки миссияи ширкатро фаҳмад. Перспективаи ширкату мазмуни кори моро дарк кунад. Сипас, дар дил орзу дошта бошаду аз пайи мақсад равад. Ман шароите сохтаам, ки каме лаёқат дошта бошад, метавонад худро инкишоф диҳад. Ягон кадри боқувват аз корхонаи мо намеравад. Равад ҳам, боз 1 сол пас баргашта меояд. Кадрҳои миёнаро бошад, худамон ҷавоб медиҳем, вале ҳамчун рафиқ боқӣ мемонем. Мо ҳамин гуна шарт мондаем, ки касе, ки манфиатҳои корхонаро ҳифз намекунад, ҷавоб медиҳем. Касе, ки заҳмат мекашад ва манфиати корхонаро ҳимоя мекунад, қадрдонӣ мекунем. Зеро моро компания пайванди ҳам мекунад. Мо на барои он ҷамъ мешавем, ки футбол бозӣ кунем ё чойнӯшиву суҳбат. Барои он гирди ҳам меоем, ки кумак кунем, то компания ба мақсад расад. Хотирбинӣ дар корхона набояд бошад. Агар хотирбинӣ кунед, компания сохта наметавонед.

Аз дуди шашлик то насиҳати модар

— Бархе дарсҳои шуморо дар ютуб дуди шашлик мегӯянд. Чаро худи шашлик нест?

— Дар ютуб ҳамагӣ 1-2 фоиз илм медиҳам. Боқимондаро дар тренингҳо мегӯям. Чунки дар ютуб ҳар хел одам аст. Агар камтар саросема шаванд, қарздору муфлис мешаванд. Бинобар ин, мо донишҳои молиявиро оҳиста-оҳиста медиҳем.

— Чанд саволи кӯтоҳ. Зудтарин роҳи ба ҳадаф расидан кадом аст?

— Устод ёбед. Дар соҳае, ки устод бошад, инсон муваффақ мешавад.

— Дар зиндагӣ чӣ инсонро хушбахт мекунад?

— Худшиносӣ.

— Аз нигоҳи равоншиносӣ хатарноктарин одам дар зиндагӣ кист?

— Одаме, ки барои анҷоми коре халал мерасонад ва мегӯяд, ки ту ҳамин корро карда наметавонӣ. Ин гуна одамҳо шуморо гумроҳ мекунанд. Ҳамчунин, орзуи шуморо мешиканад, ширинии ҳаётатаонро медуздад. Чунки як гапи хом мегӯяд ва дар хотири шумо мемонад. Дудила, дилшикаста  мешавед, боварӣ ба худро аз даст медиҳед.  Умуман, одамоне, ки энергеияи шуморо мегиранд, қувват намедиҳанд, аз онҳо дур шавед, беҳтар аст.

— Зеботарин рӯз дар ҳаёти шумо кадом буд?

— Зеботарин рӯз бисёр аст. Вале вақте ки якум бор писардор шудам, ҳеҷ аз ёдам намеравад. Чунки ман чандин сол фарзанд надоштам. Баъдан, чоп ва рӯнамоии китоби якумам аст. Боз модарамро ба Ҳаҷ фиристодам. Умуман, лаҳзаҳои хушбахтӣ дар ҳаёт зиёданд, ки дар шакли китоб навишта истодаам.

— Мушкилтарин рӯз кадом буд?

— Вақте ки бисёр қарздор будаму роҳи наҷотро надонистам. Ҳатто, илоҷе наёфтам, қариб даст ба худкушӣ мезадам. Баъд, нишастаму фикр кардам. Ман мурда равам, ҳамаи қарзҳо ба фарзандонам мемонанд ва ин роҳи наҷот нест. Хестаму назди модарам ба деҳа омадам. Модарам гуфтанд, ки писарам, агар ту ба мушкилӣ афтодӣ, маъно ин аст, ки ҳамин роҳи ту аст. Ҳамин роҳ туро муваффақ мекунад. Баргашта рав, меҳнат куну пули мардумро баргардон. Худованд ҳар чӣ медиҳад, калидашро ёфта кушодан даркор аст. Ояндаи ту дар дохили ҳамин муаммо аст. Аз тақдир рӯй нагардон ва натарс. Агар ту ҳаминро ҳал карда тавонӣ, бузургтарин шахс мешавӣ. Бо ҳамин модарам рӯшан нуқтаи нигоҳи маро дигар карданд.

— Чаро маҳз модар дар сарнавишти шумо бештар нақш доранд? Каси дигар набуд?

— Модар барои ман ҳам устод, ҳам рафиқ, ҳам роҳбаранд. Ман бе падар калон шудам. Дар синни 1-солагӣ сағера мондам. Акоям донишҷӯ буду апаҳоям шавҳар карда буданд. Бинобар ин, фақат модар роҳнамои кору зиндагиам буданд.

— Чӣ шуморо ҳар субҳ умед ба зиндагӣ мебахшад ва ҷониби коргоҳ мебарад?

— Мақсадҳо. Мақсад ҳамон тавре бошад, ки ҳар гоҳ атрофаш фикр мекунед, дохилатон пури энергия шавад. Пайи мақсади ҳақиқӣ бояд рафт. Мақсад ба шумо бояд қувват диҳад, на хастаҳол созад.

— Шогирд ё фарзанде доред, ки дар симои ӯ муваффақияти худро бинед?

— Бале. Шогирдони боақлу қадрдон зиёд дорам. Фарзандонам ҳам ояндаи дурахшон доранд. Шукр мегӯям.

Мусоҳиб: Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *