«Хуҷанд» дар финали Ҷоми КФО-2022 бо «Суғдиёна» бозӣ мекунад

Ноибқаҳрамони Тоҷикистон — дастаи «Хуҷанд» ғолиби гуруҳи «F»-и Ҷоми КФО-2022 шуда, ба даври навбатии мусобиқот роҳ ёфт.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии ниҳоии марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО-2022 дар гуруҳи «F» «Хуҷанд» дар шаҳри Бишкек бо тими “Дордой” — қаҳрамони Қирғизистон мусовӣ кард (0:0).

— Дар бозии ниҳоии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 «Хуҷанд» бо ноибқаҳрамони Ӯзбекистон — «Суғдиёна», ки дар чоргонаи «Е» мақоми аввалро касб кард, вомехӯрад. Макони баргузории бозии финалии минтақаи марказӣ дар натиҷаи қуръакашӣ, ки 14-уми июл барпо мегардад, муайян карда мешавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *